Нархи патентҳои соли 2017 барои муҳоҷирон дар Русия

Бино ба маълумоти пойгоҳи интернетии Migranto.ru, дар аксари минтақаҳо нархи патент афзоиш ёфта, минтақаҳои пешсаф дар ин самт Ёқутистон (8762 рубл) ва Ямал (8219 рубл) мебошанд, ки аз нархи миёна дар кишвар қариб ду баробар бештар аст. Дар вилоятҳои Калуга, Кемерово, Маскав, Омск, шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург нархи патент тағйир наёфтааст. Қобили зикр аст, ки тирамоҳи […]

Asia-Plus

Бино ба маълумоти пойгоҳи интернетии Migranto.ru, дар аксари минтақаҳо нархи патент афзоиш ёфта, минтақаҳои пешсаф дар ин самт Ёқутистон (8762 рубл) ва Ямал (8219 рубл) мебошанд, ки аз нархи миёна дар кишвар қариб ду баробар бештар аст.

Дар вилоятҳои Калуга, Кемерово, Маскав, Омск, шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург нархи патент тағйир наёфтааст.

Қобили зикр аст, ки тирамоҳи соли гузашта шаҳрдории Маскав тасмим гирифта буд, ки арзиши патенти кориро боло набурда, он дар сатҳи пешина – 4,2 ҳазор рубл боқӣ мемонад.

Дар ҳамин ҳол, дар чанде аз минтақаҳо нархи патент поин рафтааст, аз ҷумла дар вилояти Орёл (аз 3172 то ба 3075 рубл) ва кишвари Забайкале (аз 4269 то ба 4265 рубл).

Дар минтақаҳои Ингушистон, Кабардино-Балкария, Марий Эл, Хакасия, вилоятҳои Киров, Саратов ва Чукотка ҳукуматдорони маҳаллӣ то ҳол дар муҳлати муқаррашуда дар ин хусус қонунҳо қабул карда натавонистаанд.

Нимаи моҳи декабри соли гузашта зимни суханронӣ дар Шӯрои Федератсияи Русия вазири корҳои дохилии ин кишвар Владимир Колоколтсев иттилоъ дод, ки аз оғози сол аз ҳисоби фурӯши патентҳои корӣ ба муҳоҷирон, ба буҷети Русия беш аз 38 млд. рубл маблағ ворид шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта қариб 1,5 баробар зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти мақомоти муҳоҷирати Русия, дар қаламрави ин кишвар ҳудуди 1 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.

Бонки марказии Русия иттилоъ дода буд, ки тӯли 9 моҳи соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеӣ 1 млрд. 432 млн. доллари ИМА маблағӣ пулӣ интиқол дода шудааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 15% камтар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.