Ду нафар зери тарма мондаву се тан дар садамаи нақлиёт ҳалок шуданд

Шабонарӯзи гузашта ду сокини Рашт зери тарма мондаву 3 нафари дигар дар садамаи нақлиёт ҳалок шудаанд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 10 январ мардони 22 ва 25-солаи сокинони ноҳияи Рашт барои ҷамъоварии ҳезум ба мавзеи “Сари обпар”-и ноҳияи мазкур рафтаанд. «Зимни ҷамъоварии ҳезум ногаҳон аз кӯҳ тарма фаромада, онҳо зери тарма мондаанд. […]

Asia-Plus

Шабонарӯзи гузашта ду сокини Рашт зери тарма мондаву 3 нафари дигар дар садамаи нақлиёт ҳалок шудаанд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 10 январ мардони 22 ва 25-солаи сокинони ноҳияи Рашт барои ҷамъоварии ҳезум ба мавзеи “Сари обпар”-и ноҳияи мазкур рафтаанд.

«Зимни ҷамъоварии ҳезум ногаҳон аз кӯҳ тарма фаромада, онҳо зери тарма мондаанд. Дар натиҷа ҷавони 22-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ҷавони 25-соларо сокинони маҳаллӣ наҷот додааанд», – омадааст дар маълумоти ВКД.

Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 24-солаи сокини ноҳияи Қубодиён ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Қубодиён ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди деҳаи Равшанободи ноҳияи мазкур, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи “ДЭУ ЭСПЕРО”, таҳти идораи марди 31-солаи сокини ноҳияи Файзобод бархӯрдааст.

«Дар натиҷа, ронандаҳои ҳар ду автомашина дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Инчунин, мусофирони автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ду нафар ҷавони 23 ва 22-солаи сокинони ноҳияи Қубодиён ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд», – қайд мешавад дар хабар.

Зикр мегардад, ки  ҳамин рӯз ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти шаҳри Душанбе дар наздикии ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон: ду нафар ҷавони 19 ва 23-солаи сокинони ҷамоати деҳоти мазкурро пахш намудааст.

«Дар натиҷа, ҷавони 19-сола бо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, пиёдагарди дигар дар беморхона бистарӣ гардидааст», – гуфта мешавад дар маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.