Нархи зангҳо ба Русия боз боло меравад

Аз 20 январи соли равон ҳамаи ширкатҳои алоқаи мобилии Тоҷикистон тарифҳои занг ба Русияро ба андозаи 20% боло мебаранд. Ин ба кори Маркази ягонаи коммутатсионӣ вобаста аст. Болоравии нархи зангҳо ба Русия моҳи октябри соли гузашта сурат гирифта буд. То ин вақт 1 дақиқаи гуфтугӯ бо Русия 69 дирам арзиш дошт. Болоравии тарифҳо ба роҳандозии […]

Asia-Plus

Аз 20 январи соли равон ҳамаи ширкатҳои алоқаи мобилии Тоҷикистон тарифҳои занг ба Русияро ба андозаи 20% боло мебаранд. Ин ба кори Маркази ягонаи коммутатсионӣ вобаста аст.

Болоравии нархи зангҳо ба Русия моҳи октябри соли гузашта сурат гирифта буд. То ин вақт 1 дақиқаи гуфтугӯ бо Русия 69 дирам арзиш дошт.

Болоравии тарифҳо ба роҳандозии арзиши сабтшуда ба ҳар як дақиқаи занги байнулмилалии хориҷшуда тариқи Маркази ягонаи коммуникатсионии Тоҷикистон марбут аст.

«Бо дастури Хадамоти зиддинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон таҳти рақамҳои 54 ва 100, ба арзиши минималии як дақиқаи занг ба Русия иловатан арзиши сабтшудаи ҳар як дақиқаи занги байнулмилалии хориҷшуда тариқи Маркази ягонаи коммутатсионӣ дохил шуд. Ҳамин тавр аз 20 январ бо фармоиши мақомоти зиддиинҳисории ҳукумати Тоҷикистон нархи ҳар дақиқаи гуфтугӯ бо Русия то 1 сомониву 20 дирам боло бурда мешавад», – зикр мегардад дар сомонаи «Мегафон Тоҷикистон».

Дар бораи бозбинии тарифҳои зангҳо ба Русия ҳамчунин хадамотҳои матбуоти ширкатҳои алоқаи мобилии «Индиго Тоҷикистон» (Tcell), ҶСП «Вавилон Мобайл» ва ҶДММ «Таком» (Билайн) низ хабар додаанд.

Доир ба тарифҳо ба интернет алҳол маълумот дода намешавад, вале аз эҳтимол дур нест, ки ояндаи наздик муштариён барои он ҳам маблағи зиёдтаре пардохт мекунанд.

Қобили зикр аст, ки Маркази ягонаи коммутатсионӣ дар назди оператори телекоммуникатсионии ҶСК «Тоҷиктелеком» таъсис дода шуд. Ташаббускори он сардори Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ Бег Сабур мебошад. Нимаи моҳи январи соли гузашта ҳукумат дар ин хусус қарори дахлдор содир кард.

Дар қарор зикр гардида буд, ки давоми соли 2016 Хадамоти алоқа бояд гузаштани трафики даромад ва баромади хизматрасониҳои байнулмилалии алоқаи электрикӣ ва интернет тариқи Маркази ягонаи коммутатсионии ҶСК «Тоҷиктелеком»-ро таъмин намояд.

Ҳамчунин дар қарор қайд шуда буд, ки иҷрои қарор барои ҳамаи субъектҳои хоҷагидор, ки дар соҳаи алоқаи электрикӣ машғли коранд, ҳатмӣ мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.