Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 нишасти хабарии Агенттии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати ҶТ доир мегардад. Оғоз соати 09-00; – Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ нишасти матбуотии ҷамъбасти соли 2016-и Кумитаи давлатии заминсозӣ баргузор мешавад. Оғоз соати11:00; – Дар бинои Суди олии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолият […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 нишасти хабарии Агенттии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати ҶТ доир мегардад. Оғоз соати 09-00;

– Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ нишасти матбуотии ҷамъбасти соли 2016-и Кумитаи давлатии заминсозӣ баргузор мешавад. Оғоз соати11:00;

– Дар бинои Суди олии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 нишасти хабарӣ доир мегардад. Оғоз соати 14:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.8824 сомонӣ;

1 евро – 8.3948 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1298 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1963 — Котиби якуми КМ ҲКИШ, раиси Шӯрои Вазирони ИҶШС Н.С.Хрущев перомуни дар ИҶШС мавҷуд будани бомбаи 100-мегатоннаи водородӣ маълумот дод.

2003 — Суди шаҳри Душанбе Р.Қаландаровро тибқи парвандаи куштори раиси Кумитаи давлатии телевизиону радио С.Раҳимов  ба ҳукми қатл маҳкум кард.

2009 — Хабарнигори агентии иттилоотии «Азия-Плюс» Баҳром Маннонов дар синни 62-солагӣ бемаҳал дар Душанбе аз олам даргузашт.

1899 — Зодрӯзи нахустин Комиссари халқии маорифи ҶШСА Тоҷикистон (1924-1927) доктори илмҳои таърих, профессор Аббос Алиев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона +2+7; дар доманакӯҳҳо шабона -9-14, рӯзона -4+1.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона +8+13; дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +3+8.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -12-17, рӯзона -4-9; дар шарқ шабона -27-32, рӯзона -13-18.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона +6+11; дар доманакӯҳҳо шабона -9-14, рӯзона -4+1. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борон, барф).

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +4+6.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас. 

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +6+8.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +9+11.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -22-24, рӯзона -5-7.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Қосим Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт 

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.