Гумонбари ҳамла ба клуби Истанбул ба гуноҳаш иқрор шуд

Боздоштшуда ба гумони содир кардани амали террористӣ дар клуби шабонаи Reina дар Истанбул Абдулқодир Машарипов ба гуноҳаш иқрор шуд. Дар ин бора губернатори шаҳри Истанбул Васип Шоҳин хабар додааст. Хабаргузории Медуза дар ин робита менависад, Машарипов нақл кардааст, ки амали террористиро аз номи «Давлати исломӣ» содир кардааст. Ба гуфтаи Шоҳин, ӯ дар Афғонистон омодагӣ гирифтааст. […]

Asia-Plus

Боздоштшуда ба гумони содир кардани амали террористӣ дар клуби шабонаи Reina дар Истанбул Абдулқодир Машарипов ба гуноҳаш иқрор шуд. Дар ин бора губернатори шаҳри Истанбул Васип Шоҳин хабар додааст.

Хабаргузории Медуза дар ин робита менависад, Машарипов нақл кардааст, ки амали террористиро аз номи «Давлати исломӣ» содир кардааст. Ба гуфтаи Шоҳин, ӯ дар Афғонистон омодагӣ гирифтааст.

Гуфта мешавад, ҳамроҳ бо Машарипов рӯзи 16 январ боз як ироқӣ ва се зани дигар низ боздошт шудаанд, ки доир ба шахсияти онҳо алҳол ҳеҷ маълумоте дастрас нест. ВАО-и Туркия қаблан иттилоъ дода буданд, ки ҳамроҳ бо Машарипов писараш боздошт шудааст.

Губернатори шаҳри Истанбул Машариповро террористи касбӣ номидааст, ки чор забонро медонистааст. Дар манзили Машарипов 197 ҳазор доллар дарёфт шудааст.

Ҳамчунин пештар иттилоъ дода шуда буд, ки Машарипов соли 1983 дар Ӯзбекистон ба дунё омадааст.

Амали террористӣдар  клуби шабонаи Reina дар Истамбул рӯзи 1 январи соли 2016 ба вуқуъ пайваста, бар асари он 39 нафар кушта ва боз 65 тан захмӣ шуданд. Масъулияти ин амалро «Давлати исломӣ» ба дӯш гирифт. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.