Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар бинои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2016 нишасти хабарӣ барпо мегардад. Оғоз соати 08-30; – Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ (бинои МТС, ошёнаи 2-юм) оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2016 нишасти хабарии КВД «Тоҷикагролизинг» баргузор мешавад. Оғоз соати 09-00; – Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ доир ба натиҷаҳои […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар бинои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2016 нишасти хабарӣ барпо мегардад. Оғоз соати 08-30;

– Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ (бинои МТС, ошёнаи 2-юм) оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2016 нишасти хабарии КВД «Тоҷикагролизинг» баргузор мешавад. Оғоз соати 09-00;

– Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ доир ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 нишасти хабарии Вазорати адлияи Тоҷикистон баргузор мешавад. Оғоз соати 11-00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.8871 сомонӣ;

1 евро – 8.4707 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1305 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи кормандони меҳнат ва шуғли аҳолӣ                   

1755 — Рӯзи Татяна.

1947 — Фармони Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон дар бораи ҷорӣ кардани унвони фахрии «Устоди пахтаи ҶШС Тоҷикистон» ба нашр расид.

1955 — Дар ИМА соати ядроӣ сохта шуд, ки вақтро бо нодурустӣ ба 1 сония дар муддати 300 сол нишон медиҳад.

1955 — Дар ИҶШС Фармон «Дар бораи қатъи ҳолати ҷангӣ миёни ИҶШС ва Олмон» ба нашр расид.

2001 — Бо фармони президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

2016 — Дар Тоҷикистон падару модарон уҳдадор карданд, ки аз кадом сомонаҳо дар интернет истифода бурдани фарзандонашонро назорат кунанд.

1944 — Зодрӯзи доктори илмҳои физикаву математика Субҳон Ибодов.

1966 — Мавлуди  Ҳамралиев Фаррух Маҳмудович, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, дар ноҳияҳои доманакӯҳ каме барф меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1-6, рӯзона +1+6; дар доманакӯҳҳо шабона -8-13, рӯзона -1-6.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +5+10; дар доманакӯҳҳо шабона -5-10, рӯзона -3+2.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -5-10, рӯзона 0-5; дар шарқ шабона -16-21, рӯзона -6-11.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, дар ноҳияҳои доманакӯҳ каме барф меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1-6, рӯзона +5+10; дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона -1-6. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: шабона -5-7, рӯзона +3+5.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман. 

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +1+3.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +4+6.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.

Ҳарорат: шабона -6-8, рӯзона -1-3.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.