АНОНС
– Дар Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ Форуми тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Чехия доир мегардад. Оғози чорабинӣ соати 13-00;
– Давоми чандин соли охир ҳавопаймо аз Душанбе ба Тошканд парвоз мекунад. Хатсайр техникӣ аст. Вақти парвоз аз Душанбе соати 10-00. Хатсайри нахустини мустақими Душанбе – Тошканд рӯзи 20 феврал аз ҷониби ширкати «Сомон Эйр» амалӣ мешавад;
– Дар маркази «Вефа» доир ба мавзӯи «Ба ҳадди муносиб овардани маблағгузории буҷет ба имтиҳонҳои дохилшавӣ» маърӯзаи кушод пешниҳод мегардад. Оғоз соати 16-00.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 7.9027 сомонӣ;
1 евро – 8.4417 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1310 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1962 – Анҷумани III-юми оҳангсозони Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард.
2012 — Дар шаҳри Хуҷанд ташкилоти нави ҷамъиятии «Ваҳдати ҷавонон» ба кор оғоз намуд.
2014 — Мувофиқи фармони президенти Тоҷикистон Маркази миллии тестӣ аз тобеъияти Вазорати маориф ва илм хориҷ шуда, ба Муассисаи давлатии назди президенти ҶТ табдил дода шуд.
2015 — Гулрухсор Рофиева, ҳамшираи шафқати тоҷики машғули кор дар Яман пас аз асорати қариб чормоҳа дар қабилаи Ҳариқдон озод карда шуд.
1913 – Зодрӯзи оҳангсоз Насим Пӯлодов.
1914 – Мавлуди актёри кино Зоҳир Дӯстматов, иҷрокунандаи нақши судхӯр Қорӣ-Исмат дар кинофилми «Марги судхӯр».
1936 – Зодрӯзи шоир ва публитсист, Корманди шоистаи Тоҷикистон Алӣ Бобоҷон.
1940 – Мавлуди рассом, Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Сайфиддин Шералиев.
1941 – Зодрӯзи сароянда, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев.
1941 – Мавлуди муаррих Абдукабир Гадоев.
1948 – Зодрӯзи сароянда Қурбон Содиқов.
1952 – Мавлуди журналист Нарзулло Латифов.
1956 – Зодрӯзи журналист, котиби матбуотии ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ.
1965-2015 – Мавлуди журналист Акбаралӣ Сатторов, муассис ва роҳбари медиа-холдинги «Чархи гардун».
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +4+9; дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона -1+4.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2, рӯзона +7+12; дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +7+12.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар ғарб шабона -9-14, рӯзона -2+3; дар шарқ шабона -20-25, рӯзона -10-15.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +8+13; дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона -2+3.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +11+13.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +7+9.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.
Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +9+11.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона -9-11, рӯзона 0+2.


