Қатъи фаъолияти КБСС дар Афғонистон баъди ҳалокати 6 кормандаш

Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх (КБСС) баъд аз ҳалокати шаш кормандаш дар ҳамлае ба корвони башардӯстона фаъолияти худро дар Афғонистон қатъ кард. Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, ин корвон барои аҳолии минтақаҳои дурдасте, ки аз барфу баҳман осеб диданд, кӯмаки башардӯстона мебурд. Гуфта мешавад, мудири кумита Доминик Стиллҳарт ҳодисаро «бадтарин амали зидди мо» […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх (КБСС) баъд аз ҳалокати шаш кормандаш дар ҳамлае ба корвони башардӯстона фаъолияти худро дар Афғонистон қатъ кард.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, ин корвон барои аҳолии минтақаҳои дурдасте, ки аз барфу баҳман осеб диданд, кӯмаки башардӯстона мебурд.

Гуфта мешавад, мудири кумита Доминик Стиллҳарт ҳодисаро «бадтарин амали зидди мо» дар 20 соли охир номидааст. Ҳоло ҷустуҷӯи ду корманди дигари созмон идома дорад, ки шоми 8 феврал бенишон шудаанд.

«Кори мо дарвоқеъ қатъ шуд ва замоне аз сар гирифта мешавад, ки ҳодисаро таҳқиқ кунем,» – гуфтааст Стиллҳарт.

Вай ишора намудааст, ки барномаи башардӯстонаи Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх дар Афғонистон аз лиҳози ҳаҷм дар ҷаҳон дар ҷои чаҳорум қарор дорад. Пештар низ созмон ҳушдор медод, ки масъалаҳои рӯзафзуни амниятӣ расондани ёриҳои башариро дар ин кишвар бо мушкил рӯбарӯ кардааст.

Дар ин зимн раиси вилояти Ҷузҷон изҳор доштааст, ки ин ҳамла эҳтимолан аз тарафи ҷангиёни гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» ба вуқӯъ омада бошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.