Қисме аз ҳавопаймоҳои ҳарбии Русия аз пойгоҳи авиатсионии вилояти Челябинск ва Қирғизистон ба Тоҷикистон интиқол дода шуданд.
Бино ба иттилои ТАСС бо такя ба гуфтаҳои ёвари фармондеҳи Ҳавзаи ҳарбии марказии Русия полковник Ярослав Рошупкин, ҳавопаймоҳои авиатсияи фавриву тактикии Су-24М ва Су-25СМ аз пойгоҳи авиатсионии вилояти Челябинск ва Қирғизистон ҷиҳати таъмини омодагии муштараки тарҳрезишудаи воҳидҳои пойгоҳи низомии 201-ум ва Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба фурудгоҳи Айнии назди Душанбе интиқол дода шудаанд.
Тибқи маълумоти Рошупкин, ҳайати сарнишинони ҳавопаймоҳои Су-24М ва Су-25СМ ба иҷрои парвозҳо тамринӣ дар фазои Помири Шарқӣ шурӯъ кардаанд.
«Халабонони ҳавопаймоҳои бомбафкан ва қиркунанда дар шароити гуногуни иқлим амалиёти воҳидҳои тирандозиро дар ҷараёни иҷрои вазифаҳои таълимиву ҷангӣ оид ба муқовимат ба гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, нобуд кардани корвонҳо, анбору урдугоҳҳои тамринӣ ва дигар иншооти рақиби эҳтимолӣ дар кӯҳҳо дастгирӣ мекунанд», – иброз доштааст полковник.


