Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» вохӯрии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони шаҳри Душанбе доир мегардад; – Вазири корҳои хориҷии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ бо сафари серӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад; – Дар Остона (15-16 феврал) ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодии Қазоқистону Тоҷикистон баргузор мешавад. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» вохӯрии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони шаҳри Душанбе доир мегардад;

– Вазири корҳои хориҷии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ бо сафари серӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад;

– Дар Остона (15-16 феврал) ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодии Қазоқистону Тоҷикистон баргузор мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.9179 сомонӣ;

1 евро – 8.4167 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1353 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2015 — Дар вилояти Суғд нисбати 13 нафар аъзои гурӯҳи фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи "Ҷамоати Ансоруллоҳ» ҳукм содир гардид.

1907 — Зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Маҷид Ҳамидов.

1936 — Мавлуди шоир Салимшо Ҳалимшо.

1939 — Зодрӯзи Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон Тӯхта Почомуллоев.

1937 – Зодрӯзи Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ҳабибулло Абдураззоқов.

1937 – Мавлуди журналист Мазҳабшо Муҳаббатшоев.

1945 – Зодрӯзи арбоби давлатӣ, дипломат Рамазон Мирзоев.

1946 – Мавлуди Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун.

1947 – Зодрӯзи актёри театру кино Исфандиёр Ғуломов.

1962 – Мавлуди журналист Мухтор Боқизода, муассис ва сардабири газетаи «Нерӯи сухан».

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борон, барф), туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +5+10; дар доманакӯҳҳо шабона _3+2, рӯзона +1+6.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +13+18; дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +10+15.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борон, барф).

Ҳарорат: дар ғарб шабона -2-7, рӯзона +1+6; дар шарқ шабона -17-22, рӯзона -2-7.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борон, барф), туман. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +12+17; дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +2+7. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад, туман.

Ҳарорат: шабона+7+9, рӯзона +15+17.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона борон меборад, рӯзона аксаран бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +7+9.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад, туман.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +16+18.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борон, барф).

Ҳарорат: шабона -5-7, рӯзона +4+6.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.