Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар Душанбе иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум доир мегардад; – Соати 11:00 дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нишасти хабарии вазири корҳои хориҷии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ баргузор мешавад; – Дар меҳмонхонаи «Шератон»-и шаҳри Душанбе форуми тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Туркия барпо мешавад. Оғози форум соати 11:30. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Душанбе иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум доир мегардад;

– Соати 11:00 дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нишасти хабарии вазири корҳои хориҷии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ баргузор мешавад;

– Дар меҳмонхонаи «Шератон»-и шаҳри Душанбе форуми тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Туркия барпо мешавад. Оғози форум соати 11:30.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.9275 сомонӣ;

1 евро – 8.3691 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1371 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1977 — Газетаи нахустини тариқи телеграф чопшуда аз Маскав ба Душанбе расид.

2005 – Таъсиси ҶСК «НОБ-и Сангтӯда-1»-и Русияву Тоҷикистон.

2007 — Дар марҳилаи навбатии Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар Будапешт гуштигири тоҷик Расул Боқиев ба дарёфти медали тилло ноил гардид.

2014 — Сартароши ба 17 соли зиндон маҳкумшуда Умед Тешаев бо зарбаҳои қайчӣ сардори тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и Кӯлоб полковник Умар Қаюмовро ба ҳалокат расонид.

1954 – Зодрӯзи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонии маъруф ва сиёсатмадор.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +7+12; дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +1+6.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +13+18; дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +11+16.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо боришот (борон, барф).

Ҳарорат: дар ғарб шабона 0-5, рӯзона +3+8; дар шарқ шабона -14-19, рӯзона -2-7.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда аксаран бидуни боришот, туман.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +13+18; дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +3+8. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, туман.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +16+18.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад, туман.

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +7+9.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, туман.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +15+17.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борон, барф).

Ҳарорат: шабона -7-9, рӯзона +4+6.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.