Сипоси Путин ба Раҳмон барои кумак дар фаъолияти пойгоҳи низомии 201

Президенти Русия Владимир Путин барои мусоидат ва кумак ба фаъолияти пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави ҷумҳурӣ ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ изҳор намуд. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад. «Дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии 201-уми Русия фаъолият дорад ва ман ба Шумо барои мусоидату кумакатон дар кори он миннатдорӣ баён карда, бидуни шубҳа гуфта метавонам, […]

Asia-Plus

Президенти Русия Владимир Путин барои мусоидат ва кумак ба фаъолияти пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави ҷумҳурӣ ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ изҳор намуд. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.

«Дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии 201-уми Русия фаъолият дорад ва ман ба Шумо барои мусоидату кумакатон дар кори он миннатдорӣ баён карда, бидуни шубҳа гуфта метавонам, ки ин омили муҳими субот ва амният дар минтақа, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ аст», – овардааст гуфтаҳои Путинро хабаргузорӣ.

Президенти Русия ҳамчунин зикр кард, ки ба баррасии пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон доир ба густариши ҳарчи бештари ҳамкориҳои ҳарду кишвар дар соҳаи илму маориф омода аст.

«Шумо ҳамеша ба масъалаи ҳамкориҳои гуманитарӣ, бахусус бахши маориф таваҷҷуҳ зҳир мекунед, ки ман инро ниҳоят муҳим мешуморам,- гуфтааст Путин. – Мо бешубҳа пешниҳоди Шумо доир ба тавсеъаи ҳамкориҳо дар ин самт ва натанҳо дар соҳаи таҳсилоти олӣ, балки таҳсилоти миёнаи умумиро низ баррасӣ хоҳем кард».

Ӯ қайд кард, ки айни замон дар мактабҳои олии Русия 21 ҳазор нафар донишҷӯён аз Тоҷикистон таҳсили илм мекунанд, ки таҳсили 10 ҳазор нафарашон аз ҳисоби буҷет аст.

Путин ҳамчунин таъкид дошт, ки Тоҷикистон кишвари дӯсту бародарест, ки онро бо Русия ҳамкориҳои мутақобилаи чандинсола мепайванданд.

«Тоҷикистон дар ҳамаи муносибатҳо иттифоқчии муҳими мо ва шарики стратегӣ буд ва боқӣ мемонад, – қайд кардааст Путин. – Ба фаъолият бо Тоҷикистон ва талошҳои шахсии Шумо дар минтақа оид ба таъмини субот дар минтақа таваҷҷуҳи хосса дорем».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.