Тамдиди мандати Дафтари САҲА дар Тоҷикистон

Мандати Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон то 30 июни соли 2017 тамдид гардид. Дар сомонаи Созмон дар ин робита иттилоъ дода мешавад, ки Шӯрои доимии САҲА дар шаҳри Вена дар ин хусус қарори дахлдор қабул кардааст. Гуфта мешавад, Шӯрои доимии САҲА яке аз муҳимтарин ниҳоди ин созмон мебошад, ки салоҳияти […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Мандати Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон то 30 июни соли 2017 тамдид гардид.

Дар сомонаи Созмон дар ин робита иттилоъ дода мешавад, ки Шӯрои доимии САҲА дар шаҳри Вена дар ин хусус қарори дахлдор қабул кардааст.

Гуфта мешавад, Шӯрои доимии САҲА яке аз муҳимтарин ниҳоди ин созмон мебошад, ки салоҳияти қабул кардани қарорҳоро дорад. Дар ҷаласаҳои он намояндагони ҳамаи 57 кишвар-иштирокчии САҲА ширкат меварзанд. Қарорҳо дар асоси консенсус қабул мегарданд.

Қобили зикр аст, ки САҲА ҳамасола то фарорасии соли нави ҳисоботӣ барои фаъолият дар дохили Тоҷикистон иҷозатнома дошт. Имсол ҷараёни тамдиди тамдиди муҳлати мандати САҲА дар Тоҷикистон каме ба дарозо кашид.

Бархе инро ба он рабт медиҳанд, ки соли гузашта Тоҷикистон чандин маротиба аз фаъолияти САҲА норозигӣ изҳор карда буд.

Моҳи сентябр бинобар сабаби дар машварати САҲА оид ба чеанаки инсонӣ дар Варшава ба ҳузури фаъолони ҲНИТ ва «ҷинояткорони мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарордошта» роҳ додан, ҳайати Тоҷикистон ин машваратро тарк карда буд. Баъди ин Тоҷикистон ҳамкориҳои худ бо ин Созмонро маҳдуд кард.

Ҳамчунин нимаи аввали моҳи октябр ба ҷуз Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, дигар ҳама ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА)-ро дар истифодаи сиёсати дугуна айбдор дониста буданд.

Дар ҳамин ҳол, муҳлати ваколати Дафтарҳои САҲА дар Ӯзбекистону Қирғизистон низ то ҳол тамдид наёфтаанд. Охири моҳи сентябри соли гузашта Бишкек мақоми ҳузури САҲА дар Қирғизистонро тағйир дода, Маркази САҲА дар Бишкек ба Дафтари барномавии САҲА табдил ёфт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.