АНОНС
– Дар Суди ҳарбии гарнизони Душанбе ба командири қ/ҳ 0120 Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Ёрибек Саидов дар айбдорӣ ба то ба худкушӣ расонидани сарбоз ҳукм содир мешавад. Оғоз соати 10-00;
– Дар Палатаи савдо ва саноат вохӯрии тоҷирони Русия ва Тоҷикистон доир мегардад. Ҷониби Русияро роҳбарони ширкатҳои шаҳри Ростов намояндагӣ мекунанд. Оғоз соати 10-00;
– Дар Доҳа байни дастаҳои мунтахаби футболи Яман ва Тоҷикистон бозии даври якуми мусобиқаи гурӯҳии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 21-00 бо вақти Душанбе.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 8.1537 сомонӣ;
1 евро – 8.8802 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1422 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1936 – Дар Тоҷикистон Пажӯҳишгоҳи масолеҳи сохтмони маҳаллӣ ифтитоҳ гардид.
2007 — Дар Душанбе оид ба маблағгузории марҳилаи дуюми обёрии даштҳои Данғара аз ҷониби Фонди арабии рушди иқтисодии Кувайт созишномаи қарзӣ ба имзо расид.
2013 — Таъсиси Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон.
1942 – Зодрӯзи олими забоншинос, Корманди шоистаи Тоҷикистон, профессор Мавлудахон Абдуллоева (ректори Донишкадаи давлатии забонҳо (солҳои 1991-2004).
1946 – Мавлуди овозхон Маҳбуба Боҳирова.
1954 – Зодрӯзи журналист Суннатуллои Абдулло.
1956 – Мавлуди журналист, дорандаи Ҷоизаи ба номи А.Лоҳутӣ Шавкат Муҳаммадиев.
1962 – Зодрӯзи олим Хайрулло Сафаров.
1963 – Мавлуди доктори илмҳои тиббӣ Раҳматулло Раҳмонов.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона каме боришот дар назар аст.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +6+11, рӯзона +14+19; дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +6+11.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +6+11, рӯзона +19+24; дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +13+18.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот дар назар аст.
Ҳарорат: дар ғарб шабона -4+1, рӯзона +5+10; дар шарқ шабона -5-10, рӯзона -1+4.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона каме боришот дар назар аст.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +18+23; дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +7+12.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +21+23.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +17+19.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +22+24.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.
Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +8+10.


