Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Соати 9:00 ҳавопаймои ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» ба Душанбе фуруд меояд. Маросими муаррифии парвози аввалин тариқи хатсайри Тошканд – Душанбе – Тошканд соати 9:30 дақиқа дар меҳмонхонаи «Шератон» доир мегардад; – Дар «Душанбе Плаза» (хиёб. Рӯдакӣ 38/1) дар мавзӯи «Иқтисоди имконоти нав. Дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои Лоиҳаи ҳамгиройии авруосиёӣ» мизи гирди байнулмилалӣ […]

Asia-Plus

АНОНС

– Соати 9:00 ҳавопаймои ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» ба Душанбе фуруд меояд. Маросими муаррифии парвози аввалин тариқи хатсайри Тошканд – Душанбе – Тошканд соати 9:30 дақиқа дар меҳмонхонаи «Шератон» доир мегардад;

– Дар «Душанбе Плаза» (хиёб. Рӯдакӣ 38/1) дар мавзӯи «Иқтисоди имконоти нав. Дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои Лоиҳаи ҳамгиройии авруосиёӣ» мизи гирди байнулмилалӣ баргузор мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.3090 сомонӣ;

1 евро – 8.8624 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1457 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2013 — Собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов аз тавқифгоҳи муваққатии Киев озод карда шуд.

2013 — Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маротибаи дуюм президенти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ интихоб шуд.

1961 – Мавлуди раиси Иттифоқи касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим.

1916 – Зодрӯзи оҳангсоз Сулаймон Юдаков.

1933 – Мавлуди  Меъмори шоистаи Тоҷикистон Сайёра Исоева.

1934 – Зодрӯзи наттоқи телевизиону радио, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Бурҳон Раҳмонов.

1958 – Мавлуди доктори улуми тиббӣ Каримхон Қурбонов.

1961 – Зодрӯзи актёри шоиста Фатҳиддин Тешаев.

1960 – Мавлуди нависанда Бобоҷони Садриддин.

1961 – Зодрӯзи шоир Хайрандеш.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +5+10; дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +4+9.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +8+13; дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +7+12.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот дар назар аст.

Ҳарорат: дар ғарб шабона 0+5, рӯзона +4+9; дар шарқ шабона -4-9, рӯзона 0+5.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +8+13; дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +3+8. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +10+12.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +8+10.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +11+13.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот дар назар аст.

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +5+7. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст