Вазорати нақлиёт боз мақомоти авиатсионии Русияро айбдор мекунад

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар робита ба манъи чанде аз парвозҳои ширкати «Сомон Эйр» ба Маскав изҳор намуд, ки дар ин ҳолат мақомоти авиатсионии Русия бандҳои созишнома дар бораи алоқи ҳавоиро нодида мегиранд. Аз департаменти авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти ҶТ ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки мувофиқи созишномаи соли 1998 баимзорасида миёни кишварҳо, парвозҳо бояд бар асоси […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар робита ба манъи чанде аз парвозҳои ширкати «Сомон Эйр» ба Маскав изҳор намуд, ки дар ин ҳолат мақомоти авиатсионии Русия бандҳои созишнома дар бораи алоқи ҳавоиро нодида мегиранд.

Аз департаменти авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти ҶТ ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки мувофиқи созишномаи соли 1998 баимзорасида миёни кишварҳо, парвозҳо бояд бар асоси баробарии дуҷониба анҷом дода шаванд.

«Дар асл бошад, 60%-и парвозҳо миёни кишварҳо ба ширкатҳои русиягӣ ва 40%-аш ба ширкатҳои Тоҷикистон рост меояд», – гуфтанд дар Вазорат. – Давоми 2 моҳи соли равон ширкатҳои Русия ба Тоҷикистон 496 парвоз анҷом дода, шумори парвоз аз ҷониби ширкатҳои тоҷикистонӣ дар ин давра ҳамагӣ 295 ададро ташкил медиҳад».

Ба иттилои манбаъ, бо вуҷуди ин фарқияти назаррас, ҷониби Русия боз ҳам бештар ҳузури худ дар бозори ҳавопаймоии Тоҷикистонро зиёд карданист ва хостори он аст, ки ширкатҳои «Ямал» ва «Уральские авиалинии» дар як ҳафта ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд 7 парвоз анҷом диҳанд, ки ба ҳеҷ гуна меъёрҳои авиатсионӣ мутобиқ набуда, ба беҳад зиёд риоя нашудани баробарӣ оварда мерасонад.

Дар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ қайд карданд, ки ба ширкати русиягии «Ямал» анҷоми парвозҳо 2 маротиба дар як ҳафта ба шаҳрҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа пешниҳод шуд.

«Аммо ин пешниҳод рад шуда, ҷониби Тоҷикистон боз ба гузашт розӣ ва пешниҳод намуд, ки бо ҳамин шумор парвозҳо ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба иҷро расонида шаванд, – таъкид доштанд дар Вазорат. – Лекин ин пешниҳодро низ ҷониби Русия қабул накард».

Қобили зикр аст, ки ширкати ҳавопаймоии русиягии «Ямал» ба иҷрои парвозҳо аз фурудгоҳи Жуковский ба Душанбе (4 маротиба дар як ҳафта) ва Хуҷанд (3 маротиба дар як ҳафта) дархост карда, вале он аз ҷониби Тоҷикистон пурра қонеъ нашуд.

Дар посух ба ин Вазорати нақлиёти Русия ба як қатор хатсайрҳои ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонии «Сомон Эйр» маҳдудиятҳо ҷорӣ кард, ки аз 3 апрел мавриди амал қарор гирифтанд.

То имрӯз ширкати хусусии ҳавопаймоии тоҷикистонии «Сомон Эйр» дар як ҳафта аз шаҳри Душанбе 7 маротиба ва аз шаҳри Хуҷанд 3 маротиба ба шаҳри Маскав парвозҳо анҷом медод.

Акнун дар робита ба маҳдудиятҳои ҷоришуда аз ҷониби Вазорати нақлиёти Русия, парвоз аз шаҳри Хуҷанд пурра қатъ гардида, ҳамчунин имрӯз парвози ҳавопаймо аз шаҳри Душанбе ба Маскав бекор карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.