Парвози ҳавопаймо аз Тошканд ба Душанбе ба таъхир афтод

Парвози ҳавопаймои нахусти ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» аз Тошканд ба Душанбе, ки имрӯз пешбинӣ шуда буд, ба муҳлати дертар мавқуф гузошта шуд. Ширкати ӯзбекистонӣ моҳи гузашта дар сомонаи худ доир ба оғози парвози мунтазами ҳавопаймоҳо ба Душанбе аз 4 апрел хабар дода буд. Парвоз тариқи ин хатсайр ду маротиба дар як ҳафта – рӯзҳои […]

Asia-Plus

Парвози ҳавопаймои нахусти ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» аз Тошканд ба Душанбе, ки имрӯз пешбинӣ шуда буд, ба муҳлати дертар мавқуф гузошта шуд.

Ширкати ӯзбекистонӣ моҳи гузашта дар сомонаи худ доир ба оғози парвози мунтазами ҳавопаймоҳо ба Душанбе аз 4 апрел хабар дода буд. Парвоз тариқи ин хатсайр ду маротиба дар як ҳафта – рӯзҳои сешанбе ва шанбе пешбинӣ гардида буд.

Аз Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе дар ин робита иттилоъ доданд, ки парвоз тариқи ин хатсайр ба рӯзи сешанбеи ҳафтаи оянда, 11 апрел мавқуф гузошта шудааст. Ба иттилои манбаъ, ширкати ӯзбекистонӣ мавқуф гузоштани парвозро ба шумори нокофии мусофирон рабт медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз дар Душанбе маросими муаррифиии ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ», ки намояндагии расмиашро боз намуд, доир мегардад.

Тавре ҷониби Тоҷикистон қаблан изҳор намуда буд, парвози ҳавопаймоҳо бо хатсайри Душанбе – Тошканд – Душанбе 20 феврал оғоз мешаванд, вале Тошканд бо ишора ба ҳаллу фасл нашудани масъалаҳои техникӣ, қабули ҳавопайморо рад кардааст.

Зимнан дар номаи ширкати миллии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» ба унвони мақомоти Тоҷикистон аз интишори маълумоти носаҳеҳи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» доир ба парвози ҳавопаймо  аз Душанбе ба Тошканд норозигӣ изҳор шуда, зикр гардида буд, ки пеш аз пешниҳоди маълумот, ширкати тоҷикистонӣ мебоист ҳама паҳлӯҳои масъаларо месанҷид.

Дар нома ҳамчунин қайд шуда буд, ки барои анҷоми парвозҳои мунтазам варақаи хизматӣ (формуляр) гирифтан зарур аст, ки барои анҷоми парвозҳо муддати тамоми мавсим дода мешавад.

Ҳамчунин то ҳол дар шаҳри Тошканд мавҷуд набудани намояндагии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва мутаносибан ташкили фурӯши билетҳо дар Ӯзбекистон низ зикр гардида буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.