Миёни осебдидагон дар Петербург шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд

Дар ҳодисаи таркиши дар метрои шаҳри Санкт-Петербург шаҳрвандони Тоҷикистон осеб надидаанд. Котиби матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Русия Сарвар Бахтӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки тибқи маълумоти пешакӣ, миёни осебдидагон дар ин ҳодиса шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд. «Мо ҳодисаро пайгирӣ дорем ва бо дастрас шудани хабарҳои иловагӣ маълумот медиҳем, – иброз дошт ӯ. […]

Asia-Plus

Дар ҳодисаи таркиши дар метрои шаҳри Санкт-Петербург шаҳрвандони Тоҷикистон осеб надидаанд.

Котиби матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Русия Сарвар Бахтӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки тибқи маълумоти пешакӣ, миёни осебдидагон дар ин ҳодиса шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд.

«Мо ҳодисаро пайгирӣ дорем ва бо дастрас шудани хабарҳои иловагӣ маълумот медиҳем, – иброз дошт ӯ. – Намояндагони Консулгарии генералӣ бо мақомоти маҳаллии давлатӣ дар ин шаҳр ҳамкорӣ доранд».

Нимаи дуюми рӯзи 3 апрел дар метрои шаҳри Санкт-Петербург таркиш ба вуқӯъ пайваста, бар асари он 11 нафар ҳалок ва ҳудуди 50 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Президенти Русия Владимир Путин, ки дар ҳамин шаҳр ҳузур дорад, гуфтааст, ки фарзияи амали террористӣ дар ин ҳодиса афзалият дорад. Дар шаҳри Санкт-Петербург ба хотири қурбониёни ин ҳодиса 3 рӯз мотам эълон шуд.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, баъди таркиш тамоми метрои шаҳрро баста, дар метрои дигари марказӣ дар истгоҳи Майдони Восстания як бомби нотаркида ёфта ва “зуд безарар” шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ бо такя ба хабаргузории “Интерфакс”, дар ниҳодҳои интизомии Русия гуфтаанд, ки таркиш дар истгоҳи метрои Санкт-Петербургро як маргталаб анҷом додааст. Ҳуввияти гумонбар низ мушаххас шуда, бино ба иттилои муқаддамотӣ, вай зодаи 23-солаи Осиёи Миёна будааст. Гумонбари аввали ҳодиса, ки бо либоси сиёҳу риши дароз тасвир ёфта буд, ба идораи пулис ҳозир шуда ва гуфтааст, дар ин қазия даст надорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.