Заминагузории Рустами Эмомалӣ дар ифтитоҳи як силсила иншооти нав

Date:

Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ майдончаи варзишии бозии кӯдакон ва истироҳати калонсолон мавриди истифода қарор дода шуд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, майдонча бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶТ барои  аҳолии маҳаллаи 82-и пойтахт сохта шудааст.

Иншооти мазкур аз майдончаҳои волейбол, баскетбол, футбол ва дигар иншооти фаръиву ёрирасони истироҳативу варзишӣ иборат буда, аз ҷониби корхонаи "Техноинвест" сохта шудааст ва аз лиҳози шаклу сохт ва унсурҳои хизматрасонӣ пурра ҷавобгӯи талаботи шаҳрсозиии муосир буда, дар он барои истироҳату фароғати сокинон тамоми шароитҳо муҳайё карда шудааст.

Раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ҳамчунин ба сохтмони биноҳои иловагӣ барои мактабҳои таҳсилоти умумии №18 ва №99 ҳусни оғоз бахшид.

Ғайр аз ин, бо иштироки Рустами Эмомалӣ, гузаргоҳи зеризаминӣ, воқеъ дар майдони "Сарҳадчиён"-и кӯчаи Гагарин низ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муҳими шаҳрдорӣ   соли 2015 оғоз гардида, моҳи марти ҳамин сол ба анҷом расонда шуд.

Гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарназардошти талаботи шаҳрсозии муосир бунёд гардида, ба тамоми меъёру талаботи қоидаҳои роҳсозӣ ҷавобгӯ мебошад.   Сохтмони гузаргоҳ аз ҷониби МД "Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе" анҷом дода шуда, арзиши умумии он 21 миллиону 450 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...