Заминагузории Рустами Эмомалӣ дар ифтитоҳи як силсила иншооти нав

Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ майдончаи варзишии бозии кӯдакон ва истироҳати калонсолон мавриди истифода қарор дода шуд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, майдонча бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶТ барои  аҳолии маҳаллаи 82-и пойтахт сохта […]

Asia-Plus

Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ майдончаи варзишии бозии кӯдакон ва истироҳати калонсолон мавриди истифода қарор дода шуд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, майдонча бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶТ барои  аҳолии маҳаллаи 82-и пойтахт сохта шудааст.

Иншооти мазкур аз майдончаҳои волейбол, баскетбол, футбол ва дигар иншооти фаръиву ёрирасони истироҳативу варзишӣ иборат буда, аз ҷониби корхонаи "Техноинвест" сохта шудааст ва аз лиҳози шаклу сохт ва унсурҳои хизматрасонӣ пурра ҷавобгӯи талаботи шаҳрсозиии муосир буда, дар он барои истироҳату фароғати сокинон тамоми шароитҳо муҳайё карда шудааст.

Раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ҳамчунин ба сохтмони биноҳои иловагӣ барои мактабҳои таҳсилоти умумии №18 ва №99 ҳусни оғоз бахшид.

Ғайр аз ин, бо иштироки Рустами Эмомалӣ, гузаргоҳи зеризаминӣ, воқеъ дар майдони "Сарҳадчиён"-и кӯчаи Гагарин низ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муҳими шаҳрдорӣ   соли 2015 оғоз гардида, моҳи марти ҳамин сол ба анҷом расонда шуд.

Гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарназардошти талаботи шаҳрсозии муосир бунёд гардида, ба тамоми меъёру талаботи қоидаҳои роҳсозӣ ҷавобгӯ мебошад.   Сохтмони гузаргоҳ аз ҷониби МД "Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе" анҷом дода шуда, арзиши умумии он 21 миллиону 450 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.