Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Date:

АНОНС

– Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозиҳои даври интихобии Чемпионати Осиё – Урдун 2018 миёни мунтахабҳои занон доир мегарданд. Соати 13-00 – бозии Баҳрайн ва Ироқ; соати 16:00 – бозии АМА – Тоҷикистон ва соати 19:00 – вохӯрии Урдун – Филиипин.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.4912 сомонӣ;

1 евро – 9.0126 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1539 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи қайҳоннавардон.

1941 – Ифтитоҳи Даҳаи нахустини фарҳангу ҳунари тоҷик дар Маскав.

1995 – Мавриди истифода қарор гирифтани низоми ҷустуҷӯйии Yahoo!, ки дар ҷаҳон яке аз писандидаҳо гардид.

2010 — Ҳукумати Тоҷикистон ба Хазинаи байнулмилалии асъор дар бораи қатъ гардидани маъракаи расмии реклама оид ба сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» маълумот дод.

2014 — Фаромадани ярч дар деҳаи Одинабойи ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод ба ҳалокати 13 нафар азъои як хонавода боис гардида, манзили зисти онҳо зери лойқа монд.

1907 – Зодрӯзи олими адабиётшинос, профессор Шарифҷон Ҳусейнзода.

1912 – Зодрӯзи олим-муаррих, академик Баҳодур Искандаров.

1935 – Мавлуди нависанда, журналист ва арбоби давлатӣ Ибод Файзуллоев.

1939 – Зодрӯзи профессор Ҷумъа Шарифов.

1949 – Мавлуди журналист Мирзои Фирӯз.

1950 – Зодрӯзи нависанда, журналист ва Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Муҳтарам Ҳотам.

1969 – Мавлуди журналист Муҳаммади Эгамзод.

1972 – Зодрӯзи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, овозхон Бахтиёр Иброҳимов.

1985 – Мавлуди пианинонавоз Хиромон Расулӣ.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +19+24; дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +10+15.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, чангу ғубор.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +24+29; дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +19+24.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксран бидуни боришот, шабона дар ғарб каме боришот дар назар аст.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -1+4, рӯзона +10+15; дар шарқ шабона -6-11, рӯзона 0-5.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +22+27; дар доманакӯҳҳо шабона -+3+8, рӯзона +14+19. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +24+26.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +21+23.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +27+29.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +12+14.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...