Ташрифи намояндагони беш аз 35 ширкати Қазоқистон ба Душанбе

Дар чаҳорчӯби вохӯрии доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон, ки санаи 20 апрел пешбинӣ шудааст, намояндагони беш аз 35 ширкатҳои Қазоқистон ба Душанбе ташриф меоранд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд, дар рӯйхати ширкатҳои Қазоқистон корхонаҳои бахши мошинсозӣ, металлургия, сохтмон, дорусозӣ, саноати хӯрокворӣ ва кимиё зикр ёфтаанд. Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ […]

Дар чаҳорчӯби вохӯрии доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон, ки санаи 20 апрел пешбинӣ шудааст, намояндагони беш аз 35 ширкатҳои Қазоқистон ба Душанбе ташриф меоранд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд, дар рӯйхати ширкатҳои Қазоқистон корхонаҳои бахши мошинсозӣ, металлургия, сохтмон, дорусозӣ, саноати хӯрокворӣ ва кимиё зикр ёфтаанд.

Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ роҳандозии робитаҳо миёни соҳибкорони ҳарду кишвар, таъсиси корхонаҳои муштарак ва пешбурди роҳёбии маҳсулоти ширкатҳои Қазоқистон дар бозори Тоҷикистон унвон мешавад.

«Тоҷикистон Қазоқистонро ба сифати яке аз шарикони калидии стратегии тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар паҳнои пасошӯравӣ медонад», – гуфт манбаъ.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли гузашта ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Қазоқистон 676 млн. долларро ташкил дода, баъди Русия ва Чин ин кишвар дар ҳаҷми муомилоти мол бо Тоҷикистон зинаи сеюмро ишғол мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.