Кормандони милитсия ҳар моҳ як бор ба театр мераванд

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро муътақид аст, ки ташриф ба муассисаҳои фарҳангӣ ба беҳбуди сатҳи маънавии кормандони сохторҳои интизомӣ ва ҳамчунин баровардани мондашавӣ баъди рӯзи кории мушкилу шиддатнок кумак мекунад. Котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ изҳор намуд, ки чанде қабл роҳбарият ва ҳайати шахсии дастгоҳи марказӣ, кормандон аз ҷузъу томҳои […]

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро муътақид аст, ки ташриф ба муассисаҳои фарҳангӣ ба беҳбуди сатҳи маънавии кормандони сохторҳои интизомӣ ва ҳамчунин баровардани мондашавӣ баъди рӯзи кории мушкилу шиддатнок кумак мекунад.

Котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ изҳор намуд, ки чанде қабл роҳбарият ва ҳайати шахсии дастгоҳи марказӣ, кормандон аз ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар Театри давлатии Лоҳутӣ намоишномаи драмаи таърихии «Чархи гардон» дар таҳияи драматург Нур Табаровро тамошо кардаанд.

Рамазон Раҳимзода ба тамоми ҳунарпешагони театр барои нишон додани ҳунари волои худ ва таъсирбахш бозидани нақшҳо арзи сипос намуда, изҳор намудааст, ки саҳнаи офаридаи онҳо ба фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ хеле наздикӣ дошта, дар пешбурди самти фаъолият барои ҳар як корманд таъсири мусбии худро хоҳад расонид.

Дар идома вазир гуфтааст, тасмим гирифта шуд, ки минбаъд низ ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ҳар моҳ як маротиба дар намоишномаҳои театрҳои ҷумҳурӣ иштирок мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.