Фаъолияти киоскҳои назди беморхонаи «Қарияи Боло» қатъ мешавад?

Кормандони нуқтаҳои фурӯш (кисокҳо) мегӯянд, ба онҳо супориш дода шудааст, ки бинобар сабаби дастури ҳукумат савдояшонро қатъ созанд, вале дар дастгоҳи президент содир шудани чунин дастурро рад мекунанд. Чанде аз фурӯшандагони ин нуқтаҳои фурӯш, ки дар қаламрави Маркази миллии тиббӣ (Қарияи боло) воқеъ аст, ба идораи «Азия-Плюс» муроҷиат намуда, шикоят карданд, ки рӯзи 19 апрел […]

Кормандони нуқтаҳои фурӯш (кисокҳо) мегӯянд, ба онҳо супориш дода шудааст, ки бинобар сабаби дастури ҳукумат савдояшонро қатъ созанд, вале дар дастгоҳи президент содир шудани чунин дастурро рад мекунанд.

Чанде аз фурӯшандагони ин нуқтаҳои фурӯш, ки дар қаламрави Маркази миллии тиббӣ (Қарияи боло) воқеъ аст, ба идораи «Азия-Плюс» муроҷиат намуда, шикоят карданд, ки рӯзи 19 апрел намояндагони ҳукумат ва мақомоти прокуратураи ноҳияи Сино назди онҳо омада, гуфтаанд, ки фаъолияташонро қатъ намоянд ва дар қаламрави беморхона ба савдо машғул нашаванд.

«Мо ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои савдоро дорем, ин ҷо ягон қонуншиканӣ нест, пас чаро савдо ба мо манъ аст, – мегӯяд яке аз занони фурӯшанда. – То кай одамон маҷбур мешаванд, ки бекор монанд? Ман фарзанд надорам ва ҳамаи даромадҳои худро ба кӯдакони ятим медиҳам».

Барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъала мо ба ҳукумати ноҳияи Сино муроҷиат кардем.

«Бале, дарвоқеъ рӯзи 10 апрел мо дар қаламрави маркази тиббӣ рейд гузаронидем, – хабар дод ба «Азия-Плюс» муовини аввали раиси ноҳияи Сино Ҳайдар Гулаҳмадов. – Ба мо аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба таври шифоҳӣ дастур расид, ки аз қаламрави бемористон киоскҳо бардошта шаванд. Сабабашро ман намедонам».

Дар ҳамин ҳол, зимни муроҷиат ба дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон мо огаҳӣ ёфтем, ки ҳукумат дар бораи аз байн бардоштани киоскҳо дар қаламрави бемористон ҳеҷ дастури шифоҳие надодааст.

Дар мақомоти шаҳрдории Душанбе низ ин маълумотро тасдиқ накарданд. «Дар мо чунин супориш вуҷуд надорад ва дастури шифоҳӣ хам нагирифтаем», – гуфт котиби матбуотии раиси пойтахт Абдулмаҷид Усмонов ва тавсия дод, ки ба Вазорати тандурустӣ муроҷиат намоем.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.