Аз таркиши назди автобуси «Боруссия» корманди пулис осеб дид

Аз таркишҳо назди автобуси дастаи футболи «Боруссия»-и Дортмунд (Олмон) корманди пулис, ки бо мотосикл аз паҳлӯи автобус футболбозонро раҳнамоӣ мекард, осеб дид. Хабаргузории «Медуза» менависад, рӯзи 11 апрел, соати 20:15 дақиқа ба вақти Маскав, замоне, ки ҳайати дастаи «Боруссия» аз меҳмонхона ба варзишгоҳ мерафт, назди автобус се таркиш ба вуқуъ пайваста, бар асари он муҳофизатгари […]

Аз таркишҳо назди автобуси дастаи футболи «Боруссия»-и Дортмунд (Олмон) корманди пулис, ки бо мотосикл аз паҳлӯи автобус футболбозонро раҳнамоӣ мекард, осеб дид.

Хабаргузории «Медуза» менависад, рӯзи 11 апрел, соати 20:15 дақиқа ба вақти Маскав, замоне, ки ҳайати дастаи «Боруссия» аз меҳмонхона ба варзишгоҳ мерафт, назди автобус се таркиш ба вуқуъ пайваста, бар асари он муҳофизатгари испанияии ин даста Марк Бартра аз дасташ захмӣ ва ба бемористон мунтақил шудааст.

Зимни нишасти хабарӣ намояндагони мақомоти пулис ин ҳодисаро «ҳамлаи ҳадафнок» ба даста номидаанд, парванда бо далели суиқасд ба куштор тафтиш мешавад. Дар ҳамин ҳол таъкид мешавад, ки хадамоти махсус ба арзёбии ин ҳамла ҳамчун амали террористӣ алҳол асос надоранд.

Дар бораи бо кадом мақсад содир шудани ин амал маълумот дода намешавад. Дар ҳамин ҳол дар наздикии ҷойи таркиш навиштаҷотеро пайдо намудаанд, ки эҳтимол дар он доир ба масъулияти ба дӯш гирифтани ҳамла хабар дода мешавад, вале мақомоти пулис ҳоло аслӣ будани ин навиштаҷотро тасдиқ карда наметавонад.

Гуфта мешавад, бозии миёни дастаҳои «Боруссия» ва «Монако» (Фаронса) дар даври чаҳорякфиналии Лигаи чемпионҳои Аврупо ба имрӯз, 12 апрел мавқуф гузошта шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.