Маҳви 36 ҷангӣ дар Афғонистон аз зарбаи «абарбомба»

Вазорати дифои Афғонистон хабар дод, ки бар асари таркиши яке аз бузургтарин бомбаҳои ғайриатомии ИМА дар вилояти Нангарҳор ба камияш 36 ҷангии гурӯҳи ваҳшатафкани «Давлати исломӣ» кушта шудаанд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ғайр аз ин, ду нақби зеризаминӣ, силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ нобуд карда шуданд. Ба гуфтаи ҳарбиён, аҳолии осоишта аз таркиши […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Вазорати дифои Афғонистон хабар дод, ки бар асари таркиши яке аз бузургтарин бомбаҳои ғайриатомии ИМА дар вилояти Нангарҳор ба камияш 36 ҷангии гурӯҳи ваҳшатафкани «Давлати исломӣ» кушта шудаанд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ғайр аз ин, ду нақби зеризаминӣ, силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ нобуд карда шуданд. Ба гуфтаи ҳарбиён, аҳолии осоишта аз таркиши ин бомба осеб надидааст.

Ҳокими вилояти Нангарҳор Гулоб Мангал гуфтааст, шабакаи нақбҳое, ки аз инфиҷори бомба фурӯ рафт, аз тарафи ҷангиён ҳамчун маҳбас ва макони машваратҳои муҳими ҳарбӣ истифода мешуд.

ИМА бомбаи ғайриҳастаии GBU-43B ё «абарбомба»-ро бори аввал дар соли 2003 озмуданд ва то ин вақт он ягон бор истифода нашуда буд. Нерӯи ин бомба ба 11 тонна тротил баробар буда, масоҳати зарбааш қутри 280 метрро фаро мегирад.

Дастгоҳи раёсатҷумҳурии Афғонистон гуфтааст, ин ҳамла дар ҳамоҳангии пешакӣ бо ҳукумати кишвар ба вуқӯъ пайваст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.