Душанбе Рӯзи пойтахтро бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн мегирад

Пагоҳ, 15 апрел дар шаҳри Душанбе Рӯзи пойтахт бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, ки имсол ба санаи 15 апрел рост меояд. Дар ин рӯз дар пойтахти ҷумҳурӣ мусобиқаҳои варзишӣ, сайругаштҳои оммавӣ ва консертҳои идона баргузор мешаванд. Ҷашн бо Ниммарафони VIII байнулмилалии Душанбе оғоз гардида, […]

Пагоҳ, 15 апрел дар шаҳри Душанбе Рӯзи пойтахт бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, ки имсол ба санаи 15 апрел рост меояд. Дар ин рӯз дар пойтахти ҷумҳурӣ мусобиқаҳои варзишӣ, сайругаштҳои оммавӣ ва консертҳои идона баргузор мешаванд.

Ҷашн бо Ниммарафони VIII байнулмилалии Душанбе оғоз гардида, дар он варзишгарони Русия, Украина, Афғонистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Эрон, Кения, Эфиопия, Швейтсария, Лаҳистон (Полша) ва Покистон иштирок мекунанд.

Ниммарафон соати 09:00 аз боғи «Наврӯзгоҳ» (ипподром) шурӯъ шуда, иштирокчиёни мусобиқа тариқи гузаргоҳи Чорбоғ дар қисмати шимолии пойтахт масофаи 21 км 097 метрро тай карда, дар майдони Дӯстӣ, назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ масофаро ба анҷом мерасонанд.

Нахустин Ниммарафони байнулмилалӣ дар пойтахти Тоҷикистон ба масофаи 21 км 97,5 метр бо иштироки варзишгарон аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва ҳамчунин марафончиёни беҳтарини кишвар моҳи апрели соли 2010 баргузор шуда буд.

Чорабинии мазкур бо мақсади «таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарзи ҳаёти солим ва устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо шаҳри Душанбе ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоидошта» доир мегардад.

Дар робита ба баргузории ниммарафон раиси пойтахт ҷиҳати аз фонди раиси шаҳр ҷудо гардидани 316 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 38 ҳазор доллар) маблағ дастур дод.

Барои ғолибон, зинаҳои аз 1 то 6-ум байни ҳам мардону ҳам занон мукофотпулиҳои зерин муқаррар шудаанд: ҷойи 1-ум – 28 ҳазору 700 сомонӣ; зинаи 2-юм – 24 ҳазору 600 сомонӣ;, мақоми 3-юм – 20 ҳазору 500 сомонӣ; ҷойи 4-ум – 16 ҳазору 400 сомонӣ; зинаи 5-ум – 14 ҳазору 760 сомонӣ ва мақоми 5-ум – 12 ҳазору 300 сомонӣ.

Соли гузашта дар ниммарафони байнулмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон варзишгари кениягӣ Кибого Вилсон ва Даря Маслова аз Қирғизистон ғолибият ба даст оварда буданд.

Дар ҳамин ҳол, ба ҷуз ниммарафон, шурӯъ аз субҳи рӯзи шанбе дар боғҳои фарҳангу фароғати Дӯстии халқҳо, Боғи Рӯдакӣ, Кӯли ҷавонон ва майдони 800-солагии Маскави пойтахт сайругашти оммавии сокинон ва меҳмонони шаҳр баргузор шуда, соати 17:00 дар амфитеатри пойтахт бахшида ба ин ҷашн бо иштироки сарояндаҳои эстрадаи тоҷик консерти идона шурӯъ мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.