Онҳо ҳамагӣ 443 нафар боқӣ мондаанд. Собиқадорони Ҷанги Ватанӣ

Тибқи маълумоти Шӯрои ҷумҳуриявии собиқадорони ҷанг ва коргарони ақибгоҳ, айни замон дар Тоҷикистон 443 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) боқӣ мондаанд. Раиси Шӯрои мазкур Раҳматулло Қудратов ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки аввали соли 2017 дар Тоҷикистон 526 нафар собиқадорони ҶБВ (аввали соли 2015 – 926 нафар) дар ҳаёт буда, имрӯз шумори  онҳо то 443 […]

Тибқи маълумоти Шӯрои ҷумҳуриявии собиқадорони ҷанг ва коргарони ақибгоҳ, айни замон дар Тоҷикистон 443 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) боқӣ мондаанд.

Раиси Шӯрои мазкур Раҳматулло Қудратов ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки аввали соли 2017 дар Тоҷикистон 526 нафар собиқадорони ҶБВ (аввали соли 2015 – 926 нафар) дар ҳаёт буда, имрӯз шумори  онҳо то 443 нафар кам шудааст.

Калонсолтарин собиқадори ҷанги Тоҷикистон Додарҷон Умаров 117-сола аст, ки дар Вахш зиндагӣ мекунад. Хурдсолтарин собиқадори ҷанги Тоҷикистон Леокадия Ковтун 90-сола буда, дар Душанбе иқомат дорад.

Ба қавли Раҳматулло Қудратов, яке аз собиқадорони ҶБВ аз Тоҷикистон Олег Соболев бо даъвати ҳукумати Русия дар гузашти низомии рӯзи 9 майи соли 2017 дар Майдони Сурхи Маскав ба муносибати 72-солагии Ғалаба иштирок мекунад.

«Солҳои ҶБВ аз аҳолии он замон 1,5 млн. нафараи кишвар 270 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба ҷабҳа рафта, беш аз 100 ҳазор тан дигарбора ба ватан барнагаштанд, – гуфт Қудратов. – Аз ин шумор 55 ҳазор нафар бо ордену медалҳо ва 54 нафар тоҷикистониёни иштирокчии ҷанг ба унвони олӣ – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шарафёб гардиданд».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.