Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар меҳмонхонаи «Хайят»-и пойтахт бо иштироки беш аз 30 нафар намояндагони ширкатҳои қазоқистонӣ ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон баргузор мешавад. Оғоз соати 09-00; – Рӯзи охирини кори намоиш-ярмаркаи маҳсулоти саноатии Ӯзбекистон дар маркази савдои «Пойтахт-90». Дар ин рӯз маҳсулоти намоиш фурӯхта мешавад. Оғози кори намоиш-ярмарка соати 09-00; – Дар Душанбе ҷаласаи муштараки ҳайати Шӯрои […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар меҳмонхонаи «Хайят»-и пойтахт бо иштироки беш аз 30 нафар намояндагони ширкатҳои қазоқистонӣ ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон баргузор мешавад. Оғоз соати 09-00;

– Рӯзи охирини кори намоиш-ярмаркаи маҳсулоти саноатии Ӯзбекистон дар маркази савдои «Пойтахт-90». Дар ин рӯз маҳсулоти намоиш фурӯхта мешавад. Оғози кори намоиш-ярмарка соати 09-00;

– Дар Душанбе ҷаласаи муштараки ҳайати Шӯрои мушовараи Комиссияи саноатии Русия оид ба масоили ҳамкории ҳарбӣ-иқтисодӣ (техникӣ) дар чаҳорчӯби СААД ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, корхонаву ташкилотҳои комлекси саноати мудофиаи Тоҷикистон доир мегардад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.4891 сомонӣ;

1 евро – 9.1071 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1551 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1949 – Конгресси I-уми умумиҷаҳонии тарафдорони сулҳ ба кор шуруъ кард.

2007 — Дар Душанбе ба муносибати 800-солагии Ҷалолиддини Румӣ конфронси илмӣ доир гардид.

1923 – Зодрӯзи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, актёр Иқбол Табаров.

1931 – Мавлуди доктори улуми таърих, профессор Ҳақназар Назаров.

1933 – Зодрӯзи адабиётшинос Соат Чалишев.

1934 – Мавлуди драматург Абдусалом Атобоев.

1935 – Зодрӯзи шоир Мастон Шералӣ.

1938 – Мавлуди коргардон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Хушназар Майбалиев.

1939 – Мавлуди нависанда Ҷамолиддин Тошматов.

1946 – Зодрӯзи фарҳангшинос Лариса Назарова.

1956 – Мавлуди журналист Давлатбев Ҷалолов.

1959 – Зодрӯзи овозхон Абдумаҷид Бердиев.

1960 – Мавлуди Муродалӣ Алимардон, раиси «Агароинвестбонк», собиқ муовини нахуствазири Тоҷикистон.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +23+28; дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +16+21.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +28+33; дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +25+30.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +5+10, рӯзона +16+21; дар шарқ шабона -4-9, рӯзона +4+9.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, охии рӯз борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +26+31; дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +20+25. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +29+31.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +14+16 рӯзона +26+28.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +31+33.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +16+18.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.