Таксиҳои нави JAC ва Peugeot дар роҳҳои Душанбе

Ширкати «Холдинг Азия Групп Таджикистан» изҳор медорад, ки 120 адад автомашинаҳои сабукрави тамғаи JAC ва Peugeot, ки дар Қазоқистон васлу насб шудаанд, то моҳи июни соли ҷорӣ ба Душанбе оварда мешаванд. «Моҳи феврали соли равон президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо фаъолони пойтахт дар бораи зарурати беҳтар кардани кори нақлиёти мусофирбари шаҳр ва навсозии […]

Asia-Plus

Ширкати «Холдинг Азия Групп Таджикистан» изҳор медорад, ки 120 адад автомашинаҳои сабукрави тамғаи JAC ва Peugeot, ки дар Қазоқистон васлу насб шудаанд, то моҳи июни соли ҷорӣ ба Душанбе оварда мешаванд.

«Моҳи феврали соли равон президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо фаъолони пойтахт дар бораи зарурати беҳтар кардани кори нақлиёти мусофирбари шаҳр ва навсозии парки таксиҳо изҳори назар кард, – гуфт роҳбари ширкат Камолов. – Дар ин вохӯрӣ раҳбарият ширкат уҳдадор шуд, ки давоми ду сол то 2 ҳазор таксиҳои навро ба кӯчаҳои шаҳр мебарорад ва бо назардошти ин ваъда, мо бо ширкати қазоқистонии «AllurGroup» шартнома ба имзо расонидем».

Бино ба маълумоти ӯ, айни замон ширкат 100 адад автомашинаҳои сабукрави таксии тамғаи КИА ва «Тойота»-ро дар ихтиёр дошта, онҳо то соли 2020 ба сокинони пойтахт хизматрасонӣ мекунанд ва сипас ба фурӯш гузошта мешаванд.

«Аввали ҳафтаи оянда мо бори дигар ба Қазоқистон рафта, ҳамаи ҷузъиёти муомилотро баррасӣ мекунем ва то моҳи июн 120 адад автомашинаҳои зикршударо ба шаҳри Душанбе мерем», – қайд кард номбурда.

Ба қавли раҳбари ширкат, қисмати боқимондаи автомашинаҳо муддати 2 сол ба Тоҷикистон интиқол дода шуда, марҳила ба марҳила таксиҳои кӯҳнаи пойтахт ва мавзеи гирду атрофи он бо наваш иваз карда мешавад.

Зимнан таъкид шуд, ки дар мувофиқа бо раҳбарияти шаҳр ронандагон барои кор дар ин таксиҳо аз рӯи озмун қабул шуда, дар навбати аввал ба ронандагони қаблан дар таксиҳои №3 ва №8 (сесомонигӣ) коркарда афзалият дода мешавад ва бар асоси шартнома, ронандагон дар муддати се сол маблағи арзиши таксиҳоро пардохта, метавонанд онро харидорӣ намоянд.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл миёни ширкати AllurGroup-и Қазоқистон ва ширкати «Холдинг Азия Групп Таджикистан» Ёддошт дар бораи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки мутобиқи он, 1 ҳазору 500 адад автомобилҳои навъи Peugeot (седан) ва 500 адад автомобилҳои навъи JAC S3 (кросовер)-и дар Қазоқистон васлу насбшуда ба Душанбе оварда мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.