Раҳпаймоии «Полки ҷовидон» ба муносибати ҷашни Рӯзи Ғалаба бар Олмони фашистӣ дар шаҳрҳои бузурги ИМА, Австарлия, Канада, Чин, Кувейт, Мексика ва дигар кишварҳо баргузор шуд.
Раҳпаймоии «Полки ҷовидон» рӯзи 6 май қариб дар 20 шаҳри ИМА, ҳамчунин дар пойтахти давлатҳои саросари ҷаҳон доир гардид. Дар ин бора Газета.ру хабар медиҳад.
Хабаргузории РИА Новости менависад, чунин як раҳпаймоӣ дар маркази шаҳри Вашингтон бо иштироки беш аз 100 нафар баргузор шудааст, ки хотираи наздикони дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштироккардаи худро пос доштаанд.
Раҳпаймоии «Полки ҷовидон» дар шаҳрҳои Ню-Йорк (штати Ню-Йорк), Лос-Анҷелес (Калифорния), Чикаго (Иллинойс), Сан-Франсиско (Калифорния), Сиэтл (Вашингтон), Майами (Флорида), Денвер (Колорадо), Сан-Диего (Калифорния), Вашингтон (ҳавзаи федералии Колумбия), Бостон (штати Массачусетс), Филадельия (Пенсильвания) доир гардида, дар чорабинии Торонто ҳудуди 6 ҳазор нафар ҳузур доштаанд.


