Веломарафони ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Ба муносибати ҷашни Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон веломарафони ҷумҳуриявӣ доир мегардад, ки тамоми минтақаҳои кишварро ба пойтахт мепайвандад. Он тариқи 6 хатсайр гузаронида шуда, нуқтаи охиринаш шаҳри Душанбе хоҳад буд. Бино ба маълумоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ, намояндагони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ бо теъдоди 7 нафарӣ аз Хоруғ, Хуҷанд, Кӯлоб, […]

Asia-Plus

Ба муносибати ҷашни Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон веломарафони ҷумҳуриявӣ доир мегардад, ки тамоми минтақаҳои кишварро ба пойтахт мепайвандад. Он тариқи 6 хатсайр гузаронида шуда, нуқтаи охиринаш шаҳри Душанбе хоҳад буд.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ, намояндагони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ бо теъдоди 7 нафарӣ аз Хоруғ, Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Турсунзода ва Рашт ба шаҳри Душанбе ҳаракат намуда, ҳам дар веломарафони пойтахт, ҳамчун рамзи дӯстӣ ва ваҳдату якдилии ҷавонон, ҳамзамон дар рӯзи Давӣ миллӣ ва чорабиниҳои бошукӯҳи Ҳамоиши ҷавонону Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 23 май низ ба намояндагӣ аз номи ҷавонони минтақаҳои кишвар иштирок менамоянд.

Хатсайрҳои марафон:

Хоруғ – Шуғнон – Рӯшон – Ванҷ – Дарвоз – Шамсиддин Шоҳин – Кӯлоб – Восеъ – Данғара – Норак – Ваҳдат – Душанбе;

Хуҷанд – Спитамен – Истаравшан –Шаҳристон – Айнӣ – Варзоб – Душанбе;

Кӯлоб – Восеъ – Данғара – Норак – Ваҳдат – Душанбе;

Рашт – Нуробод – Роғун – Файзобод – Ваҳдат – Душанбе;

Кӯрғонтеппа – Абураҳмони Ҷомӣ – Хуросон – Рӯдакӣ – Душанбе;

Турсунзода – Шаҳринав – Ҳисор – Душанбе.

Ҳамчунин ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки санаи 23 май ҷашн гирифта мешавад, дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт намоиши идона ва дар минтақаҳои кишвар консерту дигар чорабиниҳо баргузор мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.