Бахоксупории бозмондаҳои пайкари сарбози тоҷик дар вилояти Псков

Дар остонаи ҷашни Рӯзи Пирӯзӣ дар рустои Чертова Гора дар вилояти Псков маросими хоксупории сарбози шуравӣ шаҳид Турдиназар Тағоев баргузор шуд. Бино ба иттилои Агентии иттилоотии Sputniк бо такя ба гузориши сафорати Тоҷикистон дар Маскав, дар ин маросим, ки бо ташрифоти комили низомӣ ва иҷрои ойинҳои исломӣ баргузор шуд, вобастаи низомии Сафорати Тоҷикистон дар Русия […]

Sputniк

Дар остонаи ҷашни Рӯзи Пирӯзӣ дар рустои Чертова Гора дар вилояти Псков маросими хоксупории сарбози шуравӣ шаҳид Турдиназар Тағоев баргузор шуд.

Бино ба иттилои Агентии иттилоотии Sputniк бо такя ба гузориши сафорати Тоҷикистон дар Маскав, дар ин маросим, ки бо ташрифоти комили низомӣ ва иҷрои ойинҳои исломӣ баргузор шуд, вобастаи низомии Сафорати Тоҷикистон дар Русия Фаридун Раҷабов ширкат ва суханронӣ кард.

Гуфта мешавад, бозмондаҳои пайкари ин сарбози шаҳидро ҷӯяндагони гурӯҳи "Безымянный" тобистони соли 2015 дар ноҳияи Пушкиногорск боз ёфта буданд. Аз онҷо ҳамчунин ду нишони "Шуҷоъат" низ ёфт шуда буд, ки аз рӯи шумораҳои онҳо дар бойгонии Вазорати дифоъи Русия номи дорандаашон шиносоӣ шуд.

Ин шаҳид Турдиназар Тағоев будааст, ки соли 1922 дар ноҳияи Кӯктош, ки акнун ноҳияи Рӯдакӣ ном дорад, зода шуда ва 28 июли соли 1941 ба Артиши Сурх даъват шуда будааст. Турдиназар Тағоев дараҷаи низомии меҳгурӯҳбон дошта ва сардастаи гурӯҳони 4-уми тирандозии гурдони 2-вуми ҳанги 68-уми лашкари 23-уми Артиши якуми тохтовари Ҷабҳаи дувуми Балтика будааст.

Вай 23 июни соли 1944 дар набарде шаҳид шуда аст, ки дар даҳкилуметрии рустои Михайловское — милки хонаводагии Александр Пушкин, сурат гирифта шуд. Пас аз шаҳодат ӯро бо нишонҳои "Ифтихор" дараҷаи севум ва "Ҷанги Меҳанӣ" дараҷаи дувум низ сарфарз карда буданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.