Лавров тими Трампро дур аз идеология ва «аҳли кор» арзёбӣ кард

Президенти ИМА Доналд Трамп мулоқот бо вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавровро, ки 10 май дар Вашингтон сурат гирифт, "бисёр хуб" номида, гуфт, "кушторҳои ваҳшатноки Сурия бояд хотима ёбанд ва ҳама дар ин самт кор мекунанд". Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба огаҳии Кохи сафед, Трамп ҳамкориро барои қатъи даргириҳо дар Сурия зарур […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Президенти ИМА Доналд Трамп мулоқот бо вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавровро, ки 10 май дар Вашингтон сурат гирифт, "бисёр хуб" номида, гуфт, "кушторҳои ваҳшатноки Сурия бояд хотима ёбанд ва ҳама дар ин самт кор мекунанд".

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба огаҳии Кохи сафед, Трамп ҳамкориро барои қатъи даргириҳо дар Сурия зарур хонда, қайд кард, ки ҷилави режими Башор Асад, Эрон ва ҳампаймонони Теҳрон бояд гирифта шавад. Ӯ масъалаи Украинаро низ матраҳ карда, гуфт, маъмурияташ омодааст, ки дар ҳалли ин низоъ иштирок кунад. Трамп афзуд, ки Русия вазифадор аст, то қарордоди Минскро пурра иҷро кунад.

Ба ҷуз ин, президенти ИМА имкони тавсеаи ҳакориҳои ду кишварро барои ҳалли низоъҳо дар Ховари Миёна ва манотиқи дигар ба миён гузошта, алоқамандии худро барои беҳтар шудани муносибатҳо миёни Иёлоти Муттаҳида ва Русия дар оянда низ баён дошт.

Сергей Лавров дар нишасти хабарии Вашингтон гуфт, Русия ва ИМА омодаанд, ки дар робита ба ташкили минтақаҳои амни Сурия ҳамкорӣ кунанд. Ба гуфтаи ӯ, механизми дақиқи ҳамкориҳо дар гуфтугӯ бо ҷониби Амрико баррасӣ шуд. Ба баҳои вазири умури хориҷии Русия, гуфтугӯ бо Трамп дур аз идеология аст ва тими ӯ "аҳли коранд".

Лавров бо Трамп дар бораи дахолати Русия дар интихоботи президентии ИМА суҳбат накард ва баҳс атрофи ин мавзуъро дар нишасти хабарие, ки баъди дидору гуфтугӯ бо президент ва котиби давлатии Амрико дар Вашингтон анҷом дод, "кори беҳуда" номид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.