Обуҳаво дар Тоҷикистон то 41 дараҷа гарм мешавад

Бино ба маълумоти обуҳавошиносони кишвар, давоми рӯзҳои 12-15 май ҳарорати ҳаво якбора боло рафта, ҳаво дар водиҳо – рӯзона то 41 дараҷа, дар доманакӯҳҳо – то 32 ва ноҳияҳои кӯҳистон – то 32 дараҷа гарм мешавад. Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳушдор медиҳад, ки болоравии ҳарорат дар минтақаҳои кӯҳистон ба зудтар обшавии барфу пиряхҳо […]

Бино ба маълумоти обуҳавошиносони кишвар, давоми рӯзҳои 12-15 май ҳарорати ҳаво якбора боло рафта, ҳаво дар водиҳо – рӯзона то 41 дараҷа, дар доманакӯҳҳо – то 32 ва ноҳияҳои кӯҳистон – то 32 дараҷа гарм мешавад.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳушдор медиҳад, ки болоравии ҳарорат дар минтақаҳои кӯҳистон ба зудтар обшавии барфу пиряхҳо ва афзоиши ҳаҷми об дар рӯдхонаҳо ва дар навбати худ мутаносибан ба фаромадани селу ярч ва сангпораҳо боис шуда метавонад.

«Аз шаҳрвандон дархост мекунем, ки дар ин рӯзҳо, бахусус ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳистон  ҳушёриро аз даст надиҳанд», – қайд мекунад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

Ҳамчунин Кумита бо мақсади бехатарӣ дар ин рӯзҳо чунин тавсияҳо медиҳад.

1. Дар авҷи гармӣ, аз соати 13 то 16-и рӯз бидуни зарурат хонаро тарк накардан ва агар баромадан ба кӯча зарур бошад, либоси равшану васеъ аз матоъи табиӣ ва кулоҳи сабук пӯшидан, шишаи оби бегаз бо худ доштан, дар кӯча бештар зери соя истодан, ба мағозаву биноҳои дорои ҳавосардкунак (кондитсионер) ворид шудан;

2. Барои ҳифзи организм аз беобшавӣ, истеъмоли на камтар аз 1,5-3 литр обу нӯшокӣ дар давоми рӯз;

3. Ба истеъмоли машрубот, аз ҷумла оби ҷав (пиво), ҳамчунин нӯшокиҳои ширини газдор, ки табодули моддаҳоро дар ҷисм суст мекунанд, тавсия дода намешавад;

4. Истеъмоли ғизои сабук; сабзавоту мева, гӯшти мурғ ва моҳии обпаз, шӯрбои хунук ва дӯғоб. Аз ғизои бирён ва ширин даст кашидан беҳтар аст;

5. Дар авҷи гармии ҳаво маҳдуд кардани иҷрои корҳои ҷисмонӣ;

6. Дар бинои дорои дастгоҳи ҳавосардкунак (кондитсионер) ҳарорати ҳаворо то +22+23 дараҷа нигоҳ доштан;

7. Дар гармии тоқатфарсо ба кӯдакон таваҷҷуҳи бештар зарур аст, зеро нисбат ба калонсолон, ҷисми кӯдак ба ҳарорати баланд ва муҳити зист зиёдтар осебпазир аст;

8. Боэҳтиёту ҳушёр будан ҳангоми истироҳат ва оббозӣ, риоя кардани қидаҳои бехатарӣ дар наздикии дарёву кӯл, обанбору ҳавзҳои шиноварӣ ва ҳавзу каналҳо.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.