Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар меҳмонхонаи «Серена»-и пойтахт ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Покистон доир мегардад. Оғоз соати 09:30; – Дар Амфитеатри шаҳри Душанбе консерти дуюми овозхони саршиноси Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова доир мегардад. Ба мухлисон суруди нави сароянда бо номи «Ошно» пешкаш мегардад. Оғоз соати 19:00. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар меҳмонхонаи «Серена»-и пойтахт ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Покистон доир мегардад. Оғоз соати 09:30;

– Дар Амфитеатри шаҳри Душанбе консерти дуюми овозхони саршиноси Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова доир мегардад. Ба мухлисон суруди нави сароянда бо номи «Ошно» пешкаш мегардад. Оғоз соати 19:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8200 сомонӣ;

1 евро – 9.8705 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1537 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1933 – Таъсиси ноҳияи Ванҷ.

1945 – Дар Душанбе корхонаи «Трактородеталь» ба кор оғоз кард.

1962 – Ифтитоҳи ҳафтаи адабиёти тоҷик дар шаҳри Киев.

1993 – Миёни Тоҷикистону Русия Шартнома дар бораи дӯстиву ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ ба имзо расид.

2004 – Дар марзи Тоҷикистону Чин гузаргоҳи Қулма-Қарасу боз шуд. Бо ифтитоҳи он роҳи мошингарди Мурғоб-Қулма-Қарақорум расман ба фаъолият шурӯъ кард.

2010 — Дар яке аз зиндонҳои шаҳри Душанбе собиқ раиси вилояти Суғд Абдуҷалил Ҳомидов аз олам даргузашт.

2014 — Собиқ муовини раиси шаҳри Душанбе Абдулаҳад Оеви 51-сола бар асари садамаи нақлиёт дар километри 47-уми роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд дар ноҳияи Варзоб ба ҳалокат расид.

1926 – Зодрӯзи доктори илмҳои таърих, Корманди шоистаи Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои педагогӣ ва ҷамъиятии Федератсияи Россия Абдуҳамид Ҷалилов.

1929 – Мавлуди доктори илмҳои геолого-минералогӣ, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино профессор Суннатулло Бобохоҷаев.

1937 – Зодрӯзи журналист Қадам Мӯъминшоев.

1946 – Мавлуди нависанда Сулаймон Эрматов.

1948 – Зодрӯзи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, овозхон Ҳабибулло Бекмуҳаммад.

1949 – Мавлуди журналист Турсунпӯлод Аминҷонов.

1965 – Зодрӯзи коргардони кино, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Бахтиёр Худоназаров.

1972 – Мавлуди журналист Самариддин Асозода.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +32+37; дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +20+25.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +35+40; дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +30+35.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +7+12, рӯзона +25+30; дар шарқ шабона -1+4, рӯзона +13+18.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +32+37; дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +22+27. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +35+37.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +34+36.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот..

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +37+39.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +27+29.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.