Хонаи маорифи сиёсӣ дар Душанберо ба кохи ҳақиқӣ табдил медиҳанд

Дар Душанбе корҳои таҷдиду азнавсозии яке аз биноҳои қадими пойтахт – Муассисаи давлатии «Кохи Ваҳдат» (собиқ Хонаи маорифи сиёсӣ) оғоз гардид. Қобили зикр аст, ки аксари чорабиниҳои тантанавии ҳукумати ҷумҳурӣ, аз ҷумла ироаи паёми ҳамасолаи сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон низ дар «Кохи Ваҳдат» баргузор мешаванд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар Душанбе корҳои таҷдиду азнавсозии яке аз биноҳои қадими пойтахт – Муассисаи давлатии «Кохи Ваҳдат» (собиқ Хонаи маорифи сиёсӣ) оғоз гардид.

Қобили зикр аст, ки аксари чорабиниҳои тантанавии ҳукумати ҷумҳурӣ, аз ҷумла ироаи паёми ҳамасолаи сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон низ дар «Кохи Ваҳдат» баргузор мешаванд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, барои таъмиру азнавсозии бинои «Кохи Ваҳдат» аз буҷети давлатӣ ҷудо гардидани ҳудуди 30 млн. сомонӣ дар назар аст.

Дар лоиҳаи азнавсозии бино зиёд кардани ҷойҳои нишасти бино аз 1 ҳазору 200 нафари ҳозира то ба 2 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.

Ғайр аз ин, намо (фасад)-и бино низ комилан мавриди таҷдид қарор гирифта, дар он гузоштани боз якчанд сутун ба нақша гирифта шудааст. Муҳлати анҷоми корҳои мазкурро ҳукумат давоми як сол муқаррар намудааст.

Дафтарҳои кории Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Ҷамъияти робита бо ҳамватанони бурунмарзии «Пайванд» ва Шӯрои ҷамъиятии ҷумҳурӣ ба биноҳои дигари шаҳр кӯчонида шудаанд.

Муассисаи давлатии «Кохи Ваҳдат» (собиқ Хонаи маорифи сиёсӣ)-и муталлиқ ба Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон соли 1974 аз рӯи лоиҳаи як гурӯҳи меъморони ҷавон таҳти сарварии Эдуард Ерзовский сохта шудааст. Барои лоиҳакашӣ ва сохтмони ин бино муаллифони он ба ҷоизаи Шӯрои вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор дониста шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.