Ифтитоҳи Маркази хизматрасонии Бонки байналмилалии Тоҷикистон дар Қӯрғонтеппа

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа нахустин Маркази хизматрасонии Бонки байналмилии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид. Бинои марказ дар кӯчаи Мирзоқодиров, макони хеле серодами шаҳр воқеъ буда, бинои нави дуошёнаи марказ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ ва шароити мусоди кор барои хизматрасонии мизоҷон таъмин аст. Дар маросими ифтитоҳи марказ раҳбарияти бонк, кормандони ҳукумат, намояндагони дафтари кории […]

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа нахустин Маркази хизматрасонии Бонки байналмилии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

Бинои марказ дар кӯчаи Мирзоқодиров, макони хеле серодами шаҳр воқеъ буда, бинои нави дуошёнаи марказ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ ва шароити мусоди кор барои хизматрасонии мизоҷон таъмин аст.

Дар маросими ифтитоҳи марказ раҳбарияти бонк, кормандони ҳукумат, намояндагони дафтари кории минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон ва роҳбарони дигар ташкилотҳои қарзӣ, ҳамчунин соҳибкорони маҳаллӣ ва рӯзноманигорон иштирок доштанд.

Раиси Бонки байналмилии Тоҷикистон Искандар Раҷабов ҳозиринро шодбош гуфта, қайд кард, ки дар маркази нав мутахассисони соҳибтаҷриба ба кор машғул шуда, раҳбарияти он ба дӯши Хуршед Абдуллоев, мутахассиси ҷавон ва дорои таҷрибаи хуби кор дар бахши бонкӣ вогузор шудааст.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва мавзеи гирду атрофи он наздики 150 ҳазор нафар кору иқомат дошта, ифтитоҳи маркази мазкур натанҳо барои Бонки байналмилалии Тоҷикистон, балки барои сокинон низ аҳамияти бузург дорад.

Дар маркази нав мизоҷон аз хизматгузориҳои зерин истифода бурда метавонанд: интиқоли маблағҳои пулӣ, мубодилаи асъор, пешниҳоди қарз, хизматгузорӣ ба амонатҳо, амалиётҳо бо кортҳои пластикӣ ва дигар хизматгузориҳо.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.