Оғози фаъолияти нахустин маркази логопедӣ дар Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд нахустин Маркази ислоҳнамоии педагогӣ барои кӯдакони дорои норасогии нутқ (логопедӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, маркази номбурда бо ташаббуси мутахассиси соҳаи ислоҳи нутқи кӯдакон Фароғат Усмонова ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таъсис дода шуд. Гуфта мешавад, дар маросими ифтитоҳи он муовини […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Хуҷанд нахустин Маркази ислоҳнамоии педагогӣ барои кӯдакони дорои норасогии нутқ (логопедӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, маркази номбурда бо ташаббуси мутахассиси соҳаи ислоҳи нутқи кӯдакон Фароғат Усмонова ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таъсис дода шуд.

Гуфта мешавад, дар маросими ифтитоҳи он муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода ширкат намуда, бо шароити таълим ва муолиҷаи кӯдакон ошно гардид.

Қобили зикр аст, ки муассисаи мазкур барои тарбия ва муолиҷаи 80 нафар кӯдакон пешбинӣ гашта, айни замон шумораи кӯдакони ин марказ 50 нафарро ташкил медиҳад. Зикр мегардад, ки хусусияти фарқкунандаи ин марказ аз боғчаҳои дигари кӯдакона аз он иборат аст, ки нимаи аввали таълиму тарбияи кӯдакон чун дар дигар муассисаҳои томактабӣ сурат гирифта, нимаи дуюми рӯз бошад, машғулиятҳои ислоҳнамоии педагогӣ ва муолиҷаи махсус бо кӯдакони иллати нутқ дошта гузаронида мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan — 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.