Рустами Эмомалӣ пулҷамъкунӣ аз волидон барои таъмиру мактабу кӯдакистонҳоро манъ кард

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки мактабҳои тахсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ аз ҳисоби буҷети ноҳияҳо таъмир карда шаванд. Аз мақомоти шаҳрдории пойтахт ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дастури манъи ҷамъоварии маблағ аз падару модарон барои таъмири мактаб ва кӯдакистонҳо ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе фиристода шуда, ба раисони […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки мактабҳои тахсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ аз ҳисоби буҷети ноҳияҳо таъмир карда шаванд.

Аз мақомоти шаҳрдории пойтахт ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дастури манъи ҷамъоварии маблағ аз падару модарон барои таъмири мактаб ва кӯдакистонҳо ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе фиристода шуда, ба раисони чор ноҳияи шаҳр низ дар ин хусус мактуби дахлдор ирсол гардидааст.

«Ин дастур ба пешгирии падидаҳои коррупсионӣ, ғайриқонунӣ ҷамъоварии маблағ барои таъмири мактабу муасисаҳои томактабӣ равона шудааст, – гуфт манбаъ. – Дар бораи корҳои иҷрошуда дар робита ба ин дастур раисони ноҳияҳо бояд то 1 август ҳисобот диҳанд».

Зимнан зикр гардид, ки айни замон намояндагони мақомоти шаҳрдорӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи моҳияти дастур бо омӯзгорону волидони хонандагону тарбиятгирандагони кӯдакистонҳо вохӯриҳо мегузаронанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.