Кормандони КҲФ ду мардро аз ғарқшавӣ наҷот доданд

Ба кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҶТ муссар шуд, ки ду марди калонсолро аз ғарқшавӣ дар обанбори Қайроққум наҷот диҳанд. «Зимни рондани гидросикл дар обанбор, онҳо аз уҳда идораи он набаромада, гидросикл чаппа шуд ва мардҳо зери он монданд, – хабар дод сухангӯи КҲФ Умеда Юсуфова. – Наҷотдиҳандагони […]

Asia-Plus

Ба кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҶТ муссар шуд, ки ду марди калонсолро аз ғарқшавӣ дар обанбори Қайроққум наҷот диҳанд.

«Зимни рондани гидросикл дар обанбор, онҳо аз уҳда идораи он набаромада, гидросикл чаппа шуд ва мардҳо зери он монданд, – хабар дод сухангӯи КҲФ Умеда Юсуфова. – Наҷотдиҳандагони Кумита саривақт инро мушоҳида ва ҷабрдидагонро ба соҳил бароварда, сипас онҳо ба бемористон интиқол ёфтанд».

Тибқи маълумоти оморӣ, қайд мекунад Юсуфова, сабабҳои асосии ғарқшавии одамон дар дарёву кӯл ва обанборҳо шахсан интизомро риоя накардан аз ҷониби онҳо, бовари беҳад зиёд ба худ, оббозӣ дар ҳолати мастиву сархушӣ аз машрубот, қобилияти шиноварӣ надоштан, оббозӣ дар ҷойҳои пешбининашуда, таваҷҷуҳ зоҳир накардани волидон ба кӯдакон аст.

Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар иншооти обӣ КҲФ ба сокинону меҳмонони кишвар якчанд тавсияҳо медиҳад:

– танҳо дар ҷойҳои барои оббозӣ пешбинишуда шиноварӣ кунед;

– дар ҳолати сархушӣ аз машрубот ё маводи нашъаовар ба об надароед;

– дар наздикии қайиқу гидросиклҳои ҳаракатдошта оббозӣ накунед;

– дар ҷойи номаълум ба об паридану ғута задан хатарнок аст;

– дар назди иншооти обӣ кӯдаконро беназорат нагузоред;

– ба аломатҳои огоҳкунанда таваҷҷуҳ зоҳир намуда, онрҳоро ҳатман риоя намоед.

 Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.