Дар доираи таҳқиқи парвандаи куштори сафир Андрей Карлов дар Туркия як шаҳрванди Русия боздошт шудааст.
Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба нашрияи Hurriyet, ин зан – Екатеринаи 33-сола моҳи ноябри соли гузашта бо қотили сафир Мавлуд Алтинтош ба воситаи паёмакрасони WhatsApp суҳбат карда, ба Маркази фарҳангии Русия дар Анқара низ занг задааст.
Гуфта мешавад, ҳоло Екатерина дар ҳабс буда, ба навиштаи Hurriyet, ӯ ҳамчунин дар ҳамдастӣ бо гуруҳи муташаккили ҷиноӣ айбдор мешавад.
Сафири Русия дар Туркия Андрей Карлов 19 декабри соли гузашта ҳини суханрониаш дар намоишгоҳи аксии Анқара кушта шуд. Ба ӯ корманди пешини пулис Мавлуд Алтинтош ҳамла кард, ки тобистони соли 2016 дар доираи таҳқиқи табаддулоти давлатӣ аз кор ронда шуда буд.