То охири сол тарифҳои об 10 фоиз боло меравад

Дар нишасти хабарии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” иттилоъ дода шуд, ки айни замон ҳукумат масъалаи ба андозаи 10 фоиз боло бурдани тарифҳои истифодаи обро то охири соли равон баррасӣ дорад. Муовини директори корхона Марҳабо Султонова дар ин робита изҳор намуд, ки ин талаби сармоягузорон аст. Тарифҳои баровардани партов алҳол боло бурда намешаванд. Ба гуфтаи роҳбари […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар нишасти хабарии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” иттилоъ дода шуд, ки айни замон ҳукумат масъалаи ба андозаи 10 фоиз боло бурдани тарифҳои истифодаи обро то охири соли равон баррасӣ дорад.

Муовини директори корхона Марҳабо Султонова дар ин робита изҳор намуд, ки ин талаби сармоягузорон аст. Тарифҳои баровардани партов алҳол боло бурда намешаванд.

Ба гуфтаи роҳбари Сарраёсати “Тоҷикобдеҳот” Бахтиёр Сафаров, айни замон аҳолии минтақаҳои Тоҷикистон (тарифҳои шаҳри Душанбе ҷудогона аз ҷониби сохтори зертобеъи шаҳрдорӣ муайян карда мешавад) барои ҳар як метри мукааби об 0,83 сомонӣ маблағ пардохт намуда, дар сурати қабули қарор, арзиши он то 0,94 сомонӣ боло меравад.

Зимнан зикр гардид, ки ҳозир барои 1 метри мукааби об ташкилотҳои буҷетӣ 1 сомониву 10 дирам ва ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ 2 сомониву 20 дирам пардохт мекунанд.

Дар Душанбе аз 1 октябри соли 2016  арзиши 1 метри мукааби об 0,62 сомониро ташкил медиҳад. Ин аз рӯи ҳисобкунаки об аст. Дар сурати мавҷуд набудани ҳисобкунак маблағи об аз рӯи шумораи истиқоматкунандагон дар манзил – барои ҳар кадоме 6,78 сомонӣ пардохт мешавад.

Бино ба маълумоти муовини аввали директори КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” Равшан Тӯйчизода, айни замон қарзи аҳолӣ ба корхона (бидуни назардошти Душанбе) ҳудуди 30 млн. сомониро ташкил дода, дар навбати худ корхона аз сармоягузорон 37 млн. доллар қарздор аст.

Қобили зикр аст, ки аз моҳи марти соли 2016 тарифҳои истифодаи об барои аҳолӣ, инчунин корхонаҳои хоҷагидорӣ ва тиҷоратӣ ба андозаи 10 фоиз боло бурда шуданд. Аз моҳи июли соли гузашта тарифҳои истифодаи об барои ташкилотҳои буҷетӣ низ 10 фоиз боло рафтанд.

Мутахассисони КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” мегӯянд, арзиши аслии воқеии як метри мукааби об 2,3 сомониро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.