Президенти АИ ҶТ: Мо ба номзадии мансабдорон ба академикӣ мухолиф шуда наметавонем

Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ зимни вохӯрӣ бо журналистон изҳор намуд, ки овозаҳо дар баъзе ВАО оид ба кӯшиши мансабдорони зиёд ҷиҳати пайвастан ба сафҳои Академия муболиғаомез аст. Ба гуфтаи ӯ, имсол аз шумори умумии номзадҳо ба унвони академик ва узви вобастаи АИ Тоҷикистон ҳамагӣ 4 нафарашон мансабдорони давлатӣ мебошанд. “Дар қонунҳои Тоҷикистон пешбарии […]

Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ зимни вохӯрӣ бо журналистон изҳор намуд, ки овозаҳо дар баъзе ВАО оид ба кӯшиши мансабдорони зиёд ҷиҳати пайвастан ба сафҳои Академия муболиғаомез аст.

Ба гуфтаи ӯ, имсол аз шумори умумии номзадҳо ба унвони академик ва узви вобастаи АИ Тоҷикистон ҳамагӣ 4 нафарашон мансабдорони давлатӣ мебошанд.

“Дар қонунҳои Тоҷикистон пешбарии номзадии мансабдорони давлатӣ ба унвони академик ва узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ манъ нашудааст ва мо наметавонем, ки мухолифи он бошем, – гуфт ӯ. – Дар ин ҳолат олими маъруф будан, нашри китобу монографияҳо, доштани мактаб ва шогирдони худ маҳаки асосӣ ба шумор меравад”.

Ӯ ба рӯзноманигорон итминон дод, ки маъракаи интихоби академикҳо ва узвҳои вобастаи нави АИ ҶТ қотеъона бо риояи қонунҳои кишвар, оиннома ва муқаррароти Академия сурат хоҳад гирифт. Академикҳо ва узвҳои нави вобастаи АИ ҶТ-ро 21 академик ва 33 узви вобастаи амалкунандаи Академия интихоб мекунанд.

Миёни номзадҳои  8 номзад ба унвони академикӣ ва 103 номзад ба унвони узви вобастаи АИ ҶТ пешбарӣ шудаанд. Синни онҳо аз 35 то 80-соларо ташкил медиҳад. Ҳамагӣ 5 академик ва 35 узви вобастаи нави Академия интихоб мешавад. Интихобот рӯзи 14 июл баргузор мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.