АНОНС
– Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар Лондон намояндаи Тоҷикистон Дилшод Назаров дар мусобиқаи гурзандозӣ рақобат мекунад;
– Аз 9 то 13 август дар мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни наврасон (U-18) дар Чили Тоҷикистонро 6варзишгар намояндагӣ мекунанд.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 8.8101 сомонӣ;
1 евро – 10.4074 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1442 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1945 – ИМА ба шаҳри Нагасакии Ҷопон бомбаи дуюми атомиро партофт.
2002 — Ҳавопаймои нахустин тариқи хатсайри Теҳрон – Душанбе ба фурудгоҳи Душанбе нишаст.
2006 — Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Саид Абдулло Нурӣ дар синни 59-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.
2007 — Дар Душанбе боз як FM-радиои «Имрӯз» ба фаъолият оғоз намуд.
1945 – Зодрӯзи коргардони кино Валерий Аҳадов.
1949 – Мавлуди актёр ва коргардон Юнус Юсуфов.
1974 – Зодрӯзи журналист Анора Саркорова.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +34+39; дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +24+29.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +22+27, рӯзона +38+43; дар доманакӯҳҳо шабона +18+23, рӯзона +31+36.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.
Ҳарорат: дар ғарб шабона +14+19, рӯзона +30+35; дар шарқ шабона +7+12, рӯзона +19+24.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +36+41; дар доманакӯҳҳо шабона +13+18, рӯзона +28+33.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +39+41.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +22+24, рӯзона +37+39.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +23+25, рӯзона +40+42.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +33+35.



