Суди Маскав истирдоди журналист Алӣ Фирӯзро мавқуф гузошт

Суди шаҳри Маскав иҷрои қарори истирдоди журналисти «Новая Газета» Худобердӣ Нурматовро, ки бо имзои Алӣ Фирӯз мавод таҳия мекард, ба таъхир гузошт, хабар медиҳад «Медуза». Рӯзноманигор то анҷоми баррасии шикояташ дар Суди ҳуқуқи башари Аврупо истирдод намешавад. Ин муддат Алӣ Фирӯз дар маркази будубоши паноҳандагон қарор хоҳад дошт. Дар ҳамин ҳол, Deutsche Welle менависад, дар […]

Asia-Plus

Суди шаҳри Маскав иҷрои қарори истирдоди журналисти «Новая Газета» Худобердӣ Нурматовро, ки бо имзои Алӣ Фирӯз мавод таҳия мекард, ба таъхир гузошт, хабар медиҳад «Медуза».

Рӯзноманигор то анҷоми баррасии шикояташ дар Суди ҳуқуқи башари Аврупо истирдод намешавад. Ин муддат Алӣ Фирӯз дар маркази будубоши паноҳандагон қарор хоҳад дошт.

Дар ҳамин ҳол, Deutsche Welle менависад, дар Олмон ба қабули журналист омода буда, Олга Резникова аз Донишгоҳи Гёттинген изҳор доштааст, ки дар ин ҷо ӯ ба таҳқиқот дар лоиҳаҳо оид ба гурезагони Сурия (Алӣ Фирӯз забони арабиро медонад) машғул шуда метавонад ва пардохти стипендияи кори ӯро фонди Борис Немтсов ба уҳда гирифтааст.

Ҳамчунин гуфта мешавад, бахши олмонии созмони «Хабарнигорони бидуни марз» низ хостори ҳамкорӣ бо Алӣ Фирӯз шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.