Харбузаи аз Афғонистон ба Русия фиристодашуда дар Тоҷикистон пӯсид

Палатаи савдо ва саноати Афғонистон изҳор доштааст, ки 18 тонна харбузаи аз ин кишвар ба Русия фиристодашуда дар Тоҷикистон пӯсидааст. Бино ба иттилои «Афганистан.ру», маҳсулоти полезӣ аз музофоти Кундуз тариқи Тоҷикистон ба Русия фиристода шуда, бинобар сабаби мавҷуд набудани иҷозатнома барои убури сарҳад, 6 рӯз дар ин кишвар боздошта шудааст. Масъуд Ваҳдат, роҳбари департаменти содироти […]

Asia-Plus

Палатаи савдо ва саноати Афғонистон изҳор доштааст, ки 18 тонна харбузаи аз ин кишвар ба Русия фиристодашуда дар Тоҷикистон пӯсидааст.

Бино ба иттилои «Афганистан.ру», маҳсулоти полезӣ аз музофоти Кундуз тариқи Тоҷикистон ба Русия фиристода шуда, бинобар сабаби мавҷуд набудани иҷозатнома барои убури сарҳад, 6 рӯз дар ин кишвар боздошта шудааст.

Масъуд Ваҳдат, роҳбари департаменти содироти Палатаи савдо ва саноати Афғонистон дар Кундуз изҳор доштааст, ки шояд ин боздошт ба он марбут бошад, ки Тоҷикистон худаш низ ба Русия маҳсулоти полезӣ содирот мекунад.

Сухангӯи Палата Сайём Месарлай гуфтааст, ҳукумати Афғонистон дар ин самт то ҳол ҳеҷ чорае наандешидааст.

Таҳлилгари масоили иқтисодӣ Ҳошим Расулӣ низ таъкид доштааст, ки ҳукумати Афғонистон аз манфиатҳои содироткунандагон ҳимоя накарда, дар ҳодисаи ба ин монанд ҳангоми содироти мева ба Ҳиндустон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат муроҷиат накардааст.

Қобили зикр аст, ки нисбат ба Афғонистон нархи маҳсулоти полезӣ дар Русия бамаротиб баланд аст ва тоҷирони Кундуз ба содироти сабзавоту меваи тару тоза ба бозорҳои ин кишвар зиёд манфиатдоранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.