Гунаҳкорони кордкашӣ миёни толибилмони пойтахт паси панҷара равон шуданд

Парвандаи пурсарусадои занозании ҷавонони маҳаллаҳои 102 ва 103-и пойтахт баъд аз чанд моҳи баррасӣ поён ёфт ва додгоҳ авохири ҳафтаи гузашта, ҳукми худро дар нисбати муттаҳамон эълон кард. Тибқи маълумоти сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба Додгоҳи шаҳри Душанбе, ду ҷавоне, ки дар куштори Иброҳим Хоҷаев ва Сомон Шарифов даст доштанд, ба муддати […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Парвандаи пурсарусадои занозании ҷавонони маҳаллаҳои 102 ва 103-и пойтахт баъд аз чанд моҳи баррасӣ поён ёфт ва додгоҳ авохири ҳафтаи гузашта, ҳукми худро дар нисбати муттаҳамон эълон кард.

Тибқи маълумоти сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба Додгоҳи шаҳри Душанбе, ду ҷавоне, ки дар куштори Иброҳим Хоҷаев ва Сомон Шарифов даст доштанд, ба муддати 10-солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд. Ин ду нафар бо моддаи 104 (куштор), гунаҳкор дониста мешаванд. Додгоҳ номи маҳкумшудаҳоро ба хотири ноболиғ буданашон, ошкор накардааст.

Ҳамчунин ба гуфтаи манбаъ, чаҳор ҷавони дигар, ки низ ноболиғ мебошанд, ба муддати 5-солӣ аз озодӣ маҳрум шуда ва ду нафари дигар ба маблағи 5000 сомонӣ, ҷарима шудаанд.

Додгоҳи шаҳри Душанбе мегӯяд, ки имрӯз, 8-уми август дар як мурофиаи дигар, ҳукми ду нафари дигар аз афроди боздоштшудаи ин гурӯҳро, эълон хоҳад кард.

Дар моҳи май гурӯҳе аз волидони ин ҷавонон ва вакилони дифои онҳо ба мақомоти тафтишотӣ пешниҳод карда буданд, ки дар парвандаи онҳое, ки дар қатл бевосита даст надоштанд ва ё дар лаҳзаҳои занозанӣ ҳузур доштанду қасди куштор надоштанд, бозбинӣ сурат бигирад.

Дар оғоз ҳамаи 20 ҷавоне, ки дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор доштанд, бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "куштор" муттаҳам дониста мешуданд.

Ин занозанӣ соати даҳи шаби 2-юми январи имсол миёни ҷавонони маҳаллаи 102 ва 103-юми пойтахт рух дода, дар натиҷаи он Хоҷаев Иброҳим Ибодуллоевич (1998) ва Шарифов Сомон Шарофиддинович (1999), аз захмҳои амиқ ҷон бохтаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.