Беш аз 1,3 млн. $ қарздории ширкатҳои Тоҷикистон аз «Қирғизтелеком» барои интернет

Дар ҷаласаи Фонди идоракунии амволи давлатии Қирғизистон раиси ширкати «Қирғизтелеком» Нурлан Мадаминов изҳор доштааст, ки ширкатҳои фароҳамсози интернети Тоҷикистон – «Телеком Технолоҷи» ва «Сатурн-Онлайн» барои хизматгузории интернет аз ин ширкат 1 млн. 349 ҳазор доллар қарздоранд. Дар ин бора Азаттик хабар медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми қарзи «Сатурн-Онлайн» 662,6 ҳазор долларро ташкил дода, суди байнулмилалии […]

Asia-Plus

Дар ҷаласаи Фонди идоракунии амволи давлатии Қирғизистон раиси ширкати «Қирғизтелеком» Нурлан Мадаминов изҳор доштааст, ки ширкатҳои фароҳамсози интернети Тоҷикистон – «Телеком Технолоҷи» ва «Сатурн-Онлайн» барои хизматгузории интернет аз ин ширкат 1 млн. 349 ҳазор доллар қарздоранд. Дар ин бора Азаттик хабар медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми қарзи «Сатурн-Онлайн» 662,6 ҳазор долларро ташкил дода, суди байнулмилалии ҳакамӣ ширкати тоҷикистониро ба пардохти қарз уҳдадор кардааст, вале «ҷониби Тоҷикистон ба иҷрои қарори суди ҳакамӣ шитоб надорад».

«Дар ин робита ширкат боисрор дархост мекунад, ки ин масъала аз ҷониби ҳукумати Қирғизистон бо ҳукумати кишвари ҳамсоя баррасӣ шавад», – гуфтааст Мадаминов.

Зикр гардидааст, ки ҳаҷми қарзи дигар ширкати фароҳамсози интернети Тоҷикистон – «Телеком Технолоҷи» ба 687 ҳазору 219 доллар баробар буда, «Қирғизтелеком» аз рӯи ин масъала ба суди байнулмлалии ҳакамӣ даъво пешниҳод кардааст.

ҶСК «Қирғизтелеком» яке аз ширкатҳои бузургтарини ин кишвар дар соҳаи телекоммуникатсия буда, зиёда аз 450 ҳазор муштарӣ дорад. 78%-и саҳмияҳои ширкат ба Фонди идоракунии амволи давлатии Қирғизистон, 12% – ба Фонди иҷтимоӣ ва 10%-и саҳмияҳо ба шахсони хусусӣ тааллуқ доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.