Тасвири Путин дар девори меҳмонхонаи Трамп дар Ню-Йорк

Дар девори бинои меҳмонхонаи Trump SoHo дар Ню-Йорк, ки ба президенти ИМА Доналд Трамп тааллуқ дорад, тасвири президенти Русия, парчами ин кишвар ва навиштаҳое гӯё аз номи Путин "Аз кӯмак кардан шодам, бародар", "Ба думболи маблағ рав" ва "Худро ба даст бигир, бародар" пайдо шуд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, назди бино […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар девори бинои меҳмонхонаи Trump SoHo дар Ню-Йорк, ки ба президенти ИМА Доналд Трамп тааллуқ дорад, тасвири президенти Русия, парчами ин кишвар ва навиштаҳое гӯё аз номи Путин "Аз кӯмак кардан шодам, бародар", "Ба думболи маблағ рав" ва "Худро ба даст бигир, бародар" пайдо шуд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, назди бино одамони низомипӯш бо парчами Русия қадам заданд. Ташкилкунандаи иқдоми мазкур, рӯзноманигор Робин Белл чанд наворро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард.

Тасвири Путин дар ҳоле пайдо шуд, ки чанд рӯз пеш додситони махсуси ИМА Роберт Мюллер барои пажуҳиши дахолати Русия дар интихоботи соли гузаштаи ИМА гуруҳи корӣ таъсис дод. Мюллер дақиқ мекунад, ки оё дар интихоботи соли гузашта ситоди Трамп бо Москва дар мавриди заъиф кардани мавқеи рақиби Трамп аз ҳизби демократӣ Ҳилларӣ Клинтон тавтиае роҳандозӣ кардааст ё на.

Трамп ҷой доштани "изи Русия"-ро дар интихоботи ИМА рад мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.